Ин саҳар “Дарвеши гунободӣ”-ро қатл карданд
Манобеи расмӣ дар Эрон хабар доданд, ки Муҳаммад Салос, яке аз пайравони силсилаи сӯфия ё «дарвешони гунободӣ«, эъдом шудааст.
Хабаргузории «Мизон», ки ба Додгоҳи олии Эрон тааллуқ дорад, иттилоъ дод, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати Муҳаммад Салос субҳи душанбеи 18-уми июн, амалӣ шудааст. Муҳаммад Салос ба қатли се корманди пулис муттаҳам мешуд.Эълони ҳукми додгоҳ дар нисбати Муҳаммад Салос дар ҳоле аст, ки Созмони Афви байналмилал аз мақомҳои эронӣ хоста буд, ки раванди эъдоми ин «дарвеши гунободӣ» ва ҳукми содиршуда дар нисбати ӯро, мутаваққиф кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ