Ин “сникерси” шифобахш аз Тоҷикистон аст!
Боре ҳангоми сафар дар Руссия дар як мағозаи хӯрокворӣ шоҳиди гуфтугузори ду харидор шудам. Яке бо тааҷҷуб ба дастаи дар дасташ буда менигаристу дигаре “ин сникерси тоҷикӣ” мегуфт. Беихтиёр аз дасти кампирак бастачаи рангорангро гирифта хондам: “Прессованная шелковица. Сделано в Таджикистане». Батончаро баргардонида дар бораи меваи тут ва хусусиятҳои шифобахшаш нақл кардам ва худ ба худ фахр кардам, ки ин моли Тоҷикистон аст.
Ва инак фурсати муносибе пайдо шуду бо яке аз истеҳсолкунандагони “сникерси тоҷикӣ” ,р\ сохибкор Набот Додхудоева ҳамсуҳбат гардидам.
-“Сникерси” аз тут тайёркардаи мо аз бисёр ҷиҳат бомаззаву муфид аст,- шӯхикунон оғоз кард бону Набот.-Барои тайёр кардани батончаҳои мевагии ширин илова шудани маҳлули шакар, равған ва дигар омезаҳо лозим, тути мо бошад дар таркибаш моддаҳои табиии зиёдеро дорост ва ба иловаҳо ҳоҷат нест. Батончаҳои мо “Помир Голд” ном доранд, ба ғайр аз онҳо мо боз меваҳои хушки тут , шоҳтут ва дигарро яккачин карда дар бастаҳои 100,200 грамма ба фуруш мебарорем.
-Ашёи хомро худатон тайёр мекунед ва ё мехаред?
— Аз 2 то 4 ҳазор хонаводаи ноҳияҳои Рушон,Шуғнон,Ванҷ,Дарвоз ба мо аз 50 то 200 кг-мӣ аз моҳи август сар карда то худи январу феврал тути хушккардашуда мефурӯшанд.Нархаш вобаста ба сифаташ аз 8 то 10 сомонӣ барои як кг. Дар ҳамин ҷо илова карданӣ ҳастам, ки ҳарчанд ин намуди соҳибкорӣ дар мадди аввал ба назар нонамоён аст, бояд қайд намуд, ки аз аввал то ба охир, раванди тайёр кардани ин маҳсулот ба мардум фоидаи калон медиҳад. Масалан, вақте мо ашёи хом харид мекунем , яъне тут ва дигар меваҳо ,хоҷагиҳои 4 ноҳияи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фоида ба даст меоранд. Баъдан, дар коркарди маҳсулот то 10 нафар соҳиби кор мешаванд ва ҳамчунин фурӯшандагони маҳсулоти тайёр ҳам фоида мебинанд .
Мо ашёро яккачин мекунем, тути олисифат барои бастаҳои тути бутун ва боқимондааш баҳри сохтани батончаҳо ( пресс) истифода мешавад. Резамайдааш чун хуроки чорво истифода мешавад.
-Маълум аст, ки аз ҳамаи намуди хушкмеваҳо тут хеле намкаш ба ҳисоб меравад, пас барои нигаҳдории он шароити махсус лозим аст?
-Албатта. Ҳам дар нигаҳдорӣ ва ҳам дар рафти коркард ин чиз дар мадди назар аст. Барои сохтани батончаҳо тути хушкро аз се намуд тахчизот мегузаронрем.. Камтар ҳарорат баландӣ кунад, маҳсулот вайрон мешавад,хушк шуда мерезад. Ба ғайр аз ин бастаҳое, ки аввал аз Хитой оварда будем, намкаш будаанд, аз онҳо даст кашида, акнун бастаҳои хушсифат ва ороишашон ҷолибро мавриди истифода қарор додаем.
-Дастгоҳҳо рақамӣ ҳастанд?
-Алҳол мо аз дастгоҳҳои механикии истеҳсоли Хитой истифода мебарем, соли оянда ният дорем дастгоҳҳои росиягӣ ва ё аврупоии рақамӣ ба даст орем.Дар он ҳолат номгӯи маҳсулот ва иқтидори истеҳсолиамон низ афзун мешавад.
-Алҳол чӣ қадар маҳсулот мебароред?
— Ҳозир барои се намуд маҳсулот дар як моҳ миқдори як тонна тути хушк коркард мешавад. Аз соли оянда маҳсулотамонро ба даҳ ноигӯй ва шумораи ҷои кориро аз 9 то ба 20 афзун карданӣ ҳастем.
-Бозор бе рақобат намешавад, назари шумо ба рақибон?
-Ман ба рақибон бо назари шарикона менигарам. Бозори хушкмева, махсусан тути хушк фаррох аст, дар он ба ҳама ҷой мерасад. Ҳозир дар тамоми олам ба маҳсулоти табиӣ дар шакли снек (бастачаҳо,батончаҳо) талабот ниҳоят зиёд аст ва ин ба фоидаи мо барин истеҳсолкунандагон мебошад. Мо имконияти калон дорем, ки онро истеҳсол намоем ва ҳам ба бозори ҷаҳонӣ барорем, мақсади асосии мо ҳам ҳамин аст.
-Маҳсулоти худро дар куҷоҳо ба фуруш мебароред? Ба хориҷи кишвар ҳам мефиристед?
-Дар мағозаҳои шаҳри Хоруг ва Душанбе, то охири сол ният дорем ба магозахои шаҳрҳои Хуҷанду вилояти Хатлон низ махсуотаммонро барорем. . Аз соли оянда онро ба шаҳрҳои Русия, баъдан ба Норвегия мефиристем. Ба ИМА намунаҳояшро фиристодем, онҳо низ ба маҳсулоти мо мароқ зоҳир кардаанд,алҳол ҳуҷҷатҳо омода шуда истодаанд. Шарикони мо аз ш.Новосибирск то дараҷае ҳавасманданданд, ки мехоҳанд худ сармоягузорӣ карда тутмеваи хушки моро ба кишвари Ҷопон содир намоянд. Мо мақсад дорем, ки дар оянда “сникерси” тоҷикиро дар кишварҳои зиёд муаррифӣ намоем.
-Дар ин ҷода шуморо аҳли оила дастгирӣ менамояд?
-Шавҳарам, ду писару як духтарам ҳаммаслакони ман ҳастанд.Писари хурдиам дар Итолие дар унивеситети Гастронимия тахсил намуда бо тарзи таер намудани хуроки солим шинос шуд. Мо бо дастгирии фонди “Дастгирии соҳибкорон” дастгоҳҳои навро харидорӣ карда истеҳсолотро ба тарзи замонавӣ ба роҳ монда баҳри он кушиш ба харҷ медиҳем, ки маҳсулотамон дар кишварҳои зиёди хориҷӣ ба фуруш бароварда шавад. Ҳам Тоҷикистони азизамонро муаррифӣ менамоем, ҳам дар баланд шудани сатҳи зиндагонии истеҳсолкунандагон саҳм мегузорем. Худоро шукр мегуем, ки куҳистони мо аз ин мевадарахти биҳиштӣ бой аст ва имруз имконият ҳаст, то ҳазорҳо хоҷагӣ ба туфайли чида хушк кардани тут даромади иловагӣ ёбанд.
Хушкмеваи тут ҳам ба кӯдакон ва ҳам калонсолон ҳамчун шираи табиӣ муфид аст. Ба шириниаш нигоҳ накарда тутмеваи хушк ба беморони диабети қанд зарар намерасонад, онҳое, ки аз фарбеҳшавӣ меҳаросанд, метавонанд натарсида онро истеъмол намоянд. Агар онро пеш аз хӯрок бо чой ва ё об истеъмол намоед, иштиҳоро паст мегардонад. Тути хушк барои тоза шудани хун мусоидат менамояд. Дар рафти бемориҳои рагу дил, меъдаву рӯда ва ҷигар,шамолкашӣ аз он истеъмол намудан муфид аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ