20 ҷинояти коррупсионии маорифчиён ошкор шуд
Давоми соли 2017 20-адад ҷинояти коррупсионии вобаста ба соҳаи маориф дар вилояти Суғд ошкор карда шуд. Имрӯз зимни нишасти хабарӣ бо журналистон Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд гуфт, ки ин 20 ҳолати ришваситонӣ маҷмӯи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар тамоми соҳаҳои вобаста ба маорифро ташкил медиҳад. Аз ин теъдоди ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳамагӣ 4 ё 5 адад ба мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ рост меояду халос, боқимонда дар мактабҳои олӣ ва дигар муассисаҳо амалӣ шудааст.
“Таҳлилҳо нишон дод, ки яке аз сабабҳои асосии дар ММТУ дар ришва даст доштани омӯзгорон бештар ҷиноятҳои солҳои қаблӣ аст, ки асосан дар масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ ва шаҳодатномаи хатми мактаб ба қайд гирифта шудааст”-афзуд Каримзода.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ