Толеънома 7 январи 2018

 

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ҳақ будани худро ба ҳамкорон бо душворӣ исбот карданатон лозим меояд. Рафту аз уҳдаи ин кор бароед, бурд мекунед. Дар ҳаёти шахсӣ ба фишороварии ҳамсафари ҳаётӣ тоқат накунед. Агар нозу нузи ӯро бардоред, чунин амалашро гаштаву баргашта такрор мекунад. Барои бастани ақди никоҳ ва сафару саёҳат рӯзи мусоид аст. Саломатӣ ташвиш намедиҳад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Рӯзи хубест, меҳнати босамар ва истроҳати бофароғат карда метавонед. Ҳодисаҳои хуш рух медиҳанд, вале мухолифат имкон дорад. Хабари хуш ё вохӯрии гувороро интизор бошед. Аз кунҷи танҳоӣ ҷустан ё баръакс робитаи бетартибона худдорӣ намоед. Барои оромии асабҳо бояд бештар бо наздикони худ бошед. Рашки шахси дӯстдоштаро оромона қабул кунед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз аз озодии худ суистифода накунед, вагарна аҳли оила рафтори шуморо нодуруст қабул мекунанд. Дар масъалаҳои молиявӣ ба амалҳои хатарнок даст зада, ҳам обрӯи худро мерезонеду ҳам пулҳоятонро аз даст медиҳед. Ақидаҳои эҷодӣ бобарор анҷом меёбанд, вале зимни корҳои вазнини ҷисмонӣ хеле эҳтиёткор буданатон лозим аст. хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин дар назар аст.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Бо вуҷуди душвор будани корҳоятон бояд ташаббусро ба дасти худ гиред. Давоми рӯз бо нафаре вомехӯред, ки роҳи нави амалишавии нақшаҳоятонро пешгӯӣ мекунад. Агар шумо ба наздикӣ бемор нашуда бошед, ҳангоми дар маъракаву ҷашнҳо ширкат варзидан ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Эҳтимоли пули зиёд сарф карданатон вуҷуд дорад. Ба шахсе, ки дӯсташ медоред, дарди дил накунед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Имрӯз дар танҳоӣ мушкилоти пешинаи худро рафъ карданатон лозим меояд. Вазъи молиявиатон босуръат хуб гашта, даромади калони пулиро интизор бошед. Ҳангоми гаперо ба забон овардан хеле боэҳтиёт бошед, вагарна гапи гуфтаатон дарди сари худатон мегардад. Ҳангоми сафар дар роҳ боэҳтиёт бошед. Ба нафаре, ки байни шумову шахси дӯстдоштаатон ҷудоиандозӣ мекунад, бовар накунед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯзи хуб аст, баъди анҷоми корҳо истироҳати бофароғат муяссаратон мегардад. Аз нафаре, ки чандин маротиба фиребатон додаст, одамгариро интизор нашавед. Нисбати нафаре, ки дар дил меҳру муҳаббат доред, изҳори муҳаббат мекунад. Хабари хуш боиси тағйир ёфтани нақшаву ниятҳоятон мегардад. Ба саломатии меъда диққати хоса диҳед, аз хӯрокҳои сахту бирёнӣ худдорӣ намоед

.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи мушкил аст. Аз робита бо ҳамкорон ё роҳбарият худдорӣ намоед. Ба маслиҳату миёнаравии дӯстон, дастгирии нафарони воломақом умед набандед, эҳтимоли фиреб хӯрданатон зиёд аст. Хоҳиши бароҳат сохтани манзили зист боиси сарфи пули зиёд мегардад. Аз ҳад зиёд дил бастан ба ширинӣ боиси фарбеҳ шуданатон мегардад. Меҳрубониву дилёбии шумо дӯстдоштаатонро пару бол мебахшад. Аз нафароне, ки гирифтори бемории зуком ҳастанд, дурӣ ҷӯед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Ба ақрабҳои ошиқ маслиҳат медиҳем, ки ба ақлу таҷрибаи худ такя намуда, аз шахси дӯстдоштаашон вобаста нагарданд. Дар муҳити корӣ сабру таҳаммулро пеша намоед, он гоҳ ҳамкорон шуморо ҳамчун мутахассиси кордон қабул мекунанд. Кӯшиш намоед, ки ғалатҳои пешинаи худро такрор накунед. Вазъи саломатӣ аз ҳолати руҳии шумо вобастагӣ дорад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Эҳтимоли пайдо намудани ҷойи кори маошаш баланд вуҷуд дорад. Дар масъалаи молиявӣ маблағи калон ба даст меоред. Баҳсу мунозираҳои оилавӣ бартараф гашта, боиси болида гаштани руҳатон мегардад. Хабаре имкон дорад, ки боиси тағйир додани нақшаҳоятон мегардад. Ҳангоми сари қарори муҳиме омадан ба маслиҳати наздикон гӯш андозед. Дастгирии шахси дӯстдошта ба шумо пару бол мебахшад. Саломатӣ аз чӣ гуна будани ғизои шумо вобастагӣ дорад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Барои пешравии касбу коратон бояд мушоҳидакор бошед. Сафарҳоятон ба шарте бобарор анҷом меёбанд, ки субҳи содиқ ба роҳ бароед. Ҷарроҳиҳои тиббиро ба нақша нагирифта, бо давоҳои халқӣ низ табобат кардану ба назди дандонпизишк рафтанро тавсия намедиҳем. Барои бастани ақди никоҳ рӯзи бобарор аст. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи бобарор аст.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз корҳои нафарони эҷодкор бобарор мегардад. Агар ба корҳои хатарноку пурмоҷаро роҳ диҳед, маблағи зиёди пулиятонро аз даст медиҳед. Вазъи саломатиятон имрӯз ташвиш намедиҳад, аз ин рӯ ба ҳаммом рафтану вақтатонро хуб гузарониданро тавсия медиҳем. Аксари далвҳо бо бовариву дилпурӣ аз пайи зиндагии обод мешаванд. Ба мулоқоти ошиқона дасти холӣ рафтанро маслиҳат намедиҳем.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз бо нафароне, ки хеле боақлу кунҷкобанд, баҳсу мунозира накунед. Дар масъалаҳои корӣ аз усулҳое истифода баред, ки қаблан барои пешравиҳоятон мусоидат мекарданд. Баъди нисфирӯзӣ сафарҳои дарозмуддат ва вохӯрии ошиқона бобарор анҷом меёбад. Барои ба назди табиб рафтану ташхиси бемориҳо рӯзи мусоид аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *