Иншооти нави Фурудгоҳи Хуҷанд ва анҷоми сафар
Нахуст Сарвари давлат аз иншооти навбунёд, ки дар Соли ҷавонон ифтитоҳ ёфта, ба ифтихори он “Толори ҷавонон” номгузорӣ гардидааст, шинос шуданд. Бинои мазкур, ки соли 1970 бунёд шуда буд, имрӯз аз тарафи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” пурра аз таъмиру таҷдид бароварда шуд. Баъди таъмиру тармим толори маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию сиёсӣ созгор карда шудааст.
Сипас Сарвари давлат бо шароити хизматрасонии “Тарабхонаи ҷавонон” шинос шуданд. Корҳои навсозӣ ва таҷҳизонидани бинои мазкур моҳи январи соли 2017 оғоз шуда, то имрӯз дохил ва беруни бино аз ҳисоби маблағҳои худи фурудгоҳ таъмиру таҷдид гардид. Ба хотири ба талаботи замони муосир мутобиқ кардани хизматрасонии он тамоми ашёву таҷҳизоти нав васлу насб карда шудааст. Минбаъд тарабхонаи замонавӣ бо 220 ҷойи нишаст барои кормандони фурудгоҳ, мусофирони хатсайрҳо, меҳмонони хориҷӣ ва шаҳрвандони кишвар бо сифати баланд хизмат мерасонад.
Ҳамчунин дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз роҳҳои шафат ва ҳудуди фурудгоҳ азнавсозӣ шуда, масоҳати 2496 метри мураббаъ мумфарш карда шуд. Атрофи роҳҳо бо дарахтони зиёди ороишӣ ва гулҳои рангоранг оро ёфта, пурра чароғон карда шудааст.
Айни ҳол дар ҳудуди фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд сохтмони терминали қабул ва гусели мусофирон идома дорад. Корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур соли 2016 оғоз гардида, барои хизматрасонии 400 мусофир дар як соат пешбинӣ шудааст.
Бинои нави фурудгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон дар фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади мутобиқ намудани инфрасохтори фурудгоҳ ба сатҳи байналмилалӣ бунёд мешавад.
Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби пудратчӣ — ширкати сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муҳандис” амалӣ шуда истодааст. Масоҳати толори нави фурудгоҳ 30 бар 64 метр ва якҷоя бо бинои ҳозираи амалкунанда 84 бар 62 метрро ташкил медиҳад. Баландии бино аз дохил 14,6 метр ва аз берун 17,2 метрро ташкил медиҳад. Дар оянда муҷаҳҳазгардонии техникии бино бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ, аз ҷумла, дастгоҳҳо баҳри таъмини бехатарӣ, лифтҳои махсус барои мусофирони маъюб, эскалаторҳо ва дигар ашёву лавозимоти замонавӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол корҳои сохтмонию васлкунӣ дар иншооти мазкур бомаром идома доранд.
Иншооти наве, ки мавриди истифода қарор дода шуд, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, соли таҷлили 20 — солагии Ваҳдати миллӣ ва 25 — солагии Иҷлосияи таърихии 16 — уми Шӯрои Олии Тоҷикистон беҳтарин армуғони Пешвои миллат барои сокинони вилояти Суғд мебошад.
Бо ҳамин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд анҷом ёфт.
Баъди анҷоми бобарори сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят нимаи дуюми рӯзи 25 март Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинони вилояти Суғд бо нишони арҷгузорӣ ба хидматҳои арзандаи Сарвари давлат дар самти таъмини зиндагии шоистаи мардуми сарзамин, бо шаҳомати хоса гусел намуданд.
Барномаи таҳиянамудаи фарҳангиён ба хотири гусели меҳмони олимақом бо иштироки ҷавонону наврасон бениҳоят самимӣ ва пуршукӯҳ буд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ