Инсултро пешгирӣ карда мешавад?

50-сола ҳастам ва се-чор соли охир саломатиам чандон хуб нест. Хона надорам. Се маротиба оиладор шуда бошам ҳам, занҳоям аз сабаби бехонагӣ маро партофта рафтанд. Ин мушкилӣ маро афгор кардааст. Фишори хунам тез-тез баланд мешавад. Метарсам, ки ба инсулт гирифтор шуда, тамоман маъюб шуда намонам. Мехоҳам донам, ки инсултро пешгирӣ карда мешавад ё не?

САЛИМ, шаҳри Душанбе  

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ: 

— Сактаи мағзӣ асосан бар асари бандиши рагҳои хунгузари мағз, ки вайроншавии гардиши хунро ба думбол дорад, ба миён меояд. Одатан дар натиҷаи фишори баланди хун, атеросклероз ва касалии қанд мӯйрагҳои мағзи сар кафида, хуни аз онҳо таровида қисмате аз мағзи сарро фаро мегирад ва одам ба инсулт гирифтор мешавад. Маъмулан ҳамон қисмати майна, ки хун зер кардааст, баъди инсулт аз фаъолият бозмемонад ва фалаҷшавии андом ба думболи он ногузир аст.

Барои пешгирии сактаи мағзӣ шумо метавонед аз давоҳои зерин истифода баред:

1. Занҷабил ва асал. Давои аз ҳама таъсирбахш барои пешгирии сактаи мағзӣ (инсулт) — ин занҷабил ва асал мебошад. Тарзи тайёр кардани ин даво чандон душвор нест. Рӯзе ду маротиба ҳамагӣ 1 қошуқчаи чойхӯрӣ хокаи занҷабилро бо каме обу асал нағзакак омехта карда, истеъмол кардан лозим аст. Табобатро бо занҷабил 10 рӯз идома диҳед, нишонаҳои ҳолати пеш аз сактаи мағзӣ — сустии дил, вазнинии нафаскашӣ, оруқзанӣ ва мушкилоти фурӯбарии ғизоро нест мекунад. Метавонед ин даворо бо дили пур истифода баред, чунки мо занҷабилро дар чандин беморон санҷида дидем, самарабахш аст.

2. Бед. Давои дигаре, ки таъсири хеле хуб дорад, ин мушкбед мебошад. Пӯсти дарахти мушкбед хунро тунук карда, хатари хунрезии мағзиро пешгирӣ мекунад. Пӯсти мушкбед дар таркибаш маводе дорад, ки ба аспирин монанд, вале қавитар аст. Тайёр кардани даво аз пӯсти дарахти мушкбед чандон кори душвор нест ва шумо метавонед ин корро худатон дар хона мустақилона анҷом диҳед. Пӯсти мушкбедро ҷӯшонида, обашро нӯшидан лозим асту халос.

3. Сафора. Эҳтимол шумо дар бораи дарахти сафора нашунида бошед, вале ин дарахтро дар боғҳои истироҳатӣ дидан мумкин аст, зеро он як навъ дарахти ороишӣ маҳсуб меёбад. Дар масири роҳи асфалти самти Данғара низ дарахтони сафора хеле зиёд буданд. Ин дарахт тақрибан 10-15 метр баланд мешавад ва меваҳои ба лӯбиё монанд дорад. Сафора моҳи сентябр ба самар мерасад ва то моҳи декабр қобили истифода аст. Меваю гули сафора барои пешгирии сактаи мағзӣ таъсири бисёр хуб мерасонанд. Ҳамагӣ 10 грамм меваи сафораро дар як истакон об муддати 5 дақиқа ҷӯшонед ва монед каме хунук шавад, сипас 50-граммӣ дар як рӯз се маротиба 25-20 дақиқа пеш аз хӯрок аз ин об бинӯшед. Шумо метавонед гули сафораро низ истифода баред. Ду қошуқи ошхӯрӣ гули сафораро ба чойник андозед ва аз болояш 200 грамм оби ҷӯшидагӣ рехта, монед як соат истад, баъдан онро полонед ва ним соат пеш аз хӯрок 50-граммӣ бинӯшед. Рӯзе ду-се бор докаеро дар ин об тар карда, аз пушт ба сар бандед ҳам, муфид аст.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *