Ҷомаи Саттор Турсун ба Бозор Собир

Ҳамсарам — Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки ба шеъри Бозор Собир меҳр доштани маро хуб медонист, боре аз кор баргашта, гуфт:

— Саъдуллоева, шоири дӯстдоштаат омадааст. Пагоҳ меҳмонаш мекунем!

Бисёр хурсанд шудам. Охир, ман Бозор Собирро бояд меҳмон кунам, чӣ шарафи бузурге… Он вақтҳо на ҳама ба устод худашонро наздик нишон медоданд. Пеш аз омадани меҳмонҳо ба ҳамсарам гуфтам, ки ман барои устод пойандоз мепартоям ва ҷомааш мепӯшонем. Ӯ гуфт, ки барои Бозор ин аҳамият надорад ва накунӣ, беҳтар. Аммо ман…

Устод бо қомати баланду зебояшон ҳамроҳи янгаи Гулчеҳра аз болои пойандози атлас гузаштанду вориди хона шуданд. Чӣ суҳбати ширине буд. Ман медидам, устод бо ҳамон бузургӣ чӣ қадар дили нарми кӯдакона доранд. Чун ҷомаашон пӯшондему тоқии бойсуниро ба сарашон гузоштем, бо лабханди ширин гуфтанд:

— Бори аввал аст, ки ба ман ҷома мепӯшонанд.

Янгаи Гулчеҳра он касро ислоҳ намуданд:

— Не, боре дар Файзобод як нафари дигар низ ҷома пӯшонда буд.

— Ёд надорам,- гуфтанд устод.

Ва ин рубоиро хонданд:

Сад ҷашнам агар бигзашт, сад маъракаам оре.

Ман ҷома напӯшидам, аз дасти касе, боре.

Буғзе, ки ба дил дорам аз ҳасрати ин хорӣ,

Аз шодӣ намеғунҷам дар ҷомаи сатторӣ…

Руҳи устоди бузург шод ва хонаи охираташон чароғон бошад!

Лолаи САИДАКБАР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *