Душанбе:Интқоли об қатъ мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” мегӯяд, интиқоли оби нушокӣ дар як қатор кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан қатъ мешавад.
Дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе, сабаби қатъи интиқоли об дар бархе кӯчаҳои ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомониро аз соати 23:00-и рӯзи 11 октябр то соати 24:00-и рӯзи 12 октябр “гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикӣ дар истгоҳи обтаъминкунии “Фишорӣ” доир ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон” гуфтааст. Қарор аст, интиқоли об дар маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе”, КВД “Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ”, ҶДММ “Кохи Наврӯз” ва кӯчаи Варзишгарони ноҳияи Сино ва хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С. Носир, Шотемур, Ф. Ниёзӣ, А. Командир, М. Холов, Л. Шералӣ, Ғ. Абдулло, Азизбеков, Ф. Шаҳобов, Л. Толстой, М. Миршакар, Пушкин ва Теҳрони ноҳияи Исмоили Сомонӣ қатъ гардад.
Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, миқдори лозимии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ