Президент бемор шудааст

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ва аз дарозумртарин ҳокимони Осиёи Марказӣ «ба далели сармохӯрдагӣ» таҳти назорати пизишкон қарор гирифтааст. Дар ин бора рӯзи 11 октябр дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Қазоқистон хабар дод.

Ин иттилоъ дар ҳоле нашр шуд, ки бино ба навиштаи расонаҳои Қазоқистон, як рӯз пеш Назарбоев дар маросими қабули эътимоднома аз сафирони кишварҳои хориҷӣ ҳузур дошта, ба шоҳи Урдун Абдуллои 2 ҷоизаи «барои дунёи бидуни аслиҳаи ҳастаӣ ва амнияти саросарӣ»-ро додааст. Бино ба иттилои рассонаҳо  имсол бори аввал аст, хадамоти матбуоти Нурсултон Назарбоев аз беморӣ ва давраи дармони ӯ хабар медиҳад. Зимнан, рӯзи 13 октябр Нурсултон Назарбоев қарор аст дар нишасти Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Ереван иштирок кунад.

Нурсултон Назарбоев тобистони имсол ба синни 76 расидааст ва аз дарозумртарин ҳокимони Осиёи Марказӣ аст. Ӯ соли 1940 дар рустои Чемолғани вилояти Алма-Ато ба дунё омада, соли 1960 омӯзишгоҳи рақами 22-и шаҳри Днепродзержински Украина ва соли 1967 Донишкадаи саноатии назди комбинати металлургии шаҳри Қарағандаро хатм кардааст. Ӯ собиқаи кориашро дар ҳамин корхона оғоз карда, аз соли 1969 ба кори ҳизбӣ гузашт ва алакай соли 1979, дар синни ҳамагӣ 39-солагӣ котиби Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Қазоқистон ва соли 1984, дар синни 44 раиси Шӯрои вазирони Қазоқистон таъин шуд ва соли 1990 дар порлумон президенти ин ҷумҳурии ҳанӯз Шӯравӣ интихоб шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *