“Интернет барои хона” ҳудудро ду баробар васеъ кард
14 маҳаллаи Душанбе ва наздики 40 000 манзилҳои истиқоматӣ – айни замон чунин аст сатҳи фарогирии “Интернет барои хона”-и ноқилӣ аз “МегаФон Тоҷикистон”. Дар давоми сол ҳудуде, ки дар он хизматрасонӣ дастрас аст, қариб ду маротиба васеъ шуд. Оператор бошад, дар байни провайдерҳои ноқилии пешбари пойтахт мақоми устувори худро соҳиб шуд.
То охири соли 2024 “Интернет барои хона” дар садҳо хонаҳои чунин маҳаллаҳо, ба монанди Зарафшон-1, Зарафшон-2, Испечак-1, Испечак-2, Водонасос-1, Водонасос-2, Гипрозем-Навбаҳор, маҳаллаҳои №13, 62, 65, 83, 84, 101, 102 дастрас гардид. Хизматрасонӣ сокинонро бо он ҷалб менамояд, ки аз интернет аҳли оила истифода бурда метавонад – трафикро метавон ба КШ, ноутбукҳо, смартфонҳо, телевизорҳои Smart TV тақсим намуд.
Боз як афзалияти хизматрасонӣ – устувории хизматрасонист. Технологияи GPON, ки ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба кор мебарад, имкон медиҳад, ки трафик тариқи кабели нахӣ-нурӣ бе мушкилӣ таҳвил дода шавад. Суръати дастрасии ҳамаи истифодабарандагон ба тарофаи пайвастшуда мувофиқ буда, ҳатто дар сурати ҳамзамон истифода карда шудани интернет аз ҷониби тамоми аъзои оила паст намешавад.
Технологияи GPON инчунин имкон медиҳад, ки масъалаи таъминоти интернет дар он муддатҳо, вақте дар маҳаллаҳои пойтах барқ бо навбат қатъ мегардад, ҳал карда шавад. Кабели нахӣ-нурӣ қодир аст, ки трафикро бе тағйирдиҳии сифат ба масофаи даҳҳо километр аз он ҳудудҳое, ки барқ умуман қатъ намегардад, таҳвил дода шавад. Бо назардошти устувории технология мутахассисони ширкат муосиркунонии шабакаро ба амал бароварда, пайвастагиҳои FTTB-и дар GPON фаъолкардашударо иваз карданд. Ин амалҳо, масалан, дар маҳаллаи Гипрозем анҷом дода шуданд. Технологияи GPON инчунин дар бахши хусусӣ роҳандозӣ шуд, сокинони он аллакай аз сифати баланди таҳвили маълумот бархурдор ҳастанд.
Раванди хизматрасонӣ ба истифодабарандагони “Интернет барои хона” низ такмил ёфт. Идоракунии хизматрасонӣ тариқи замимаи “МегаФон Life” имконпазир шуд. Дар он ивазкунии тарофа, пардохти ҳисоб ва гирифтани кэшбэк, якҷоя кардани интернети хонагӣ бо хизматрасониҳои мобилӣ хеле осон аст. Пайвасткунии “Интернет барои хона” дар маҳаллаҳое, ки он аллакай дастрас аст, ҳамагӣ як шабонарӯзро дар бар мегирад. Барои барасмиятдарорӣ кофист, ки ба телефони 4747 занг занед ё дар сомонаи home.megafon.tj дархост гузоред.
“Аз натиҷаҳои соли 2024, бешубҳа, метавон ифтихор намуд. Сокинони боз 20 000 манзилҳои истиқоматӣ ба интернети ноқилии устувору босуръат, ки барои таҳсил ва истироҳати фарҳангӣ лозим меояд, дастрасӣ пайдо намуданд. Мо ба мақсади асосии худ, ки дар таъмин намудани “Интернет барои хона” дар ҳар як кӯчаи пойтахт ифода меёбад, хеле наздик шудем! – мегӯяд директор оид ба инкишоф ва корбурди ТМСБ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Алиҷон Ғаниев.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ