”Интернет барои хона”. Боз ба ҳашт маҳаллаи дигар дастрас мешавад
Интернети ноқилӣ аз аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ дар маҳаллаҳои № 13, 62, 65, 83, 84, 101 ва 103, инчунин дар маҳаллаи Испечак-2-и шаҳри Душанбе дастрас мегардад. Дар натиҷаи пайвасткунии марҳилавии маҳаллаҳои нав сокинони боз 20 ҳазор хонаи истиқоматии пойтахт метавонанд аз технологияи GPON бо суръати баланд истифода баранд.
Ҳангоми пайдо кардани имконияти техникии пайвасткунии “Интернет барои хона” танҳо ба рақами 4747 занг зада, дархост гузоштан кофӣ аст. Мутахассисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар давоми як шабонарӯз хизматрасониро пайваст мекунанд. Тарофаи мувофиқро метавон пешакӣ дар сомонаи оператор интихоб кард.
Нархи пасттарини хизматрасонӣ 77 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад, ки ин арзиши тарофаи “Барои Хона 2 Мбит/с” мебошад. Тарофаҳое мавҷуданд, ки ҳам пардохти қулайи моҳона ва ҳам солона доранд. Хизматрасониҳои пайвастшударо метавон бо ёрии замимаи мобилии «МегаФон Life» идора кард. Дар ҳуҷраи шахсии истифодабаранда функсияҳое чун ивази тарофа, назорати тавозун, хабарҳои мубрами марбут ба хизматрасонии “Интернет барои хона” дастрас мебошанд.
Мо кӯшиш мекунем, ки тамоми соикони пойтахтро на танҳо бо интернети ноқилӣ таъмин намоем, балки хизматрасониро то ҳадди имкон қулай гардонем. Мустақилона идора кардан тавассути МегаФон Life ё якҷоя кардани интернети хонагӣ бо тарофаи мобилӣ барои пардохти яквақта танҳо баъзе аз афзалиятҳоест, ки барои муштариёни мо дастрас мебошанд. Рӯйдодҳоро пайгирӣ намоед, то аз пайдо шудани “Интернет баро хона” дар маҳаллаатон бехабар намонед!” – мегӯяд директори департамент оид ба инкишоф ва корбурди ТМСБ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Алиҷон ҒАНИЕВ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ