Шаҳри Норак ҳам нақшаи даъватро иҷро кард

Шаҳри Норак нақшаи даъвати ҷавонон ба Артишро пурра иҷро кард. То ин замон панҷ ноҳияи дигари вилояти Хатлон нақшаро иҷро карда буданд.

Ҳоло дар мамлакат нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Шаҳри Норак пеш аз муҳлат нақшаро пурра иҷро кардааст. Ин аллакай шашум шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон аст, ки нақшаро пурра иҷро мекунад. Дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон нақшаро ноҳияҳои Хуросон, Вахш, Муъминобо ва Фархор иҷро карда буданд. Ҳафтаи гузашта ноҳияи Носири Хусрав ҳам аз иҷрои пурра нақша хабар дода буд.

Ҳоло дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики 70 дарсад аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *