Интернет боз чанд рӯзи дигар мушкилот дорад
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар рӯзи сеюми мушкили дастрасӣ ба Интернет сабабҳои ин ҳолатро шарҳ додааст.
Масъулини Хадамот мегӯянд, дар паи «корҳои профилактикӣ дар хатҳои Интернет» мушкили дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонӣ эҷод шудааст. Ин дар ҳолест, ки тӯли се рӯзи ахир истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон аз суръати паст ва дастнорас будани бархе сомонаҳо шикоят мекунанд. Тоҳир Ёқубов, як масъули Шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот, ниҳоди зертобеи Хадамоти алоқа гуфтааст.ки феълан «барои мутобиқгардонии хатҳои Интернет корҳои профилактикӣ» бурда истодаанд.Ба гуфти ӯ, корҳои таъмирӣ ё профилактикии онҳо то чанд рӯзи дигар давом меёбад ва то он вақт мушкили дастрасӣ ба Интернет боқӣ хоҳад монд.Ин масъули Хадамоти алоқа гуфтааст: “ҳадаф аз корҳои профилактикӣ ин мутобиқгардонии маршрутҳои Интернет аст ва баъди ин кор сифати Интернет хуб мешвад. Азҷумла боз кардани сомонаҳо тезтар мешавад. Рузҳои наздик бояд ба охир бирасонем ва ин кор каме вақтро талаб мекунад.”Тоҳир Ёқубов мегӯяд, қабл аз шурӯи корҳои таъмирӣ, ширкатҳои таъминкунандаи Интернетро огоҳ карда буданд, ки дар корашон чунин вазъро пешбинӣ намоянд.Ин масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҷузъиёти аз ин бештар надодааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ