Таътили маъмулӣ  барқарор шуд

Вазорати маориф низоми таътилҳои тирамоҳиву баҳориро баргардонидаанд.

Дар соли хониши нав таътили якмоҳаи зимистонӣ барҳам хӯрда, ҷои онро се таътили якҳафтаӣ гирифт. Ин ҳамон низомест, ки дар давраи шӯравӣ амал мекард.Осим Каримзода, мудири маорифи вилояти Суғд мегӯяд, тибқи низомномаи нави ҳайъати мушовараи вазорати маориф, дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҳамагонии Тоҷикистон таътили як-моҳаи зимистонӣ барҳам дода шуд ва ба ҷои он хонандагон баъди ҷамъбасти ҳар чоряки таҳсил, тирамоҳу зимистон ва баҳор якҳафтаӣ истироҳат хоҳанд кард.Аз рӯи низомномаи нав, соли таҳсил 1 сентябр шурӯъ шуда, 7 июн ба анҷом мерасад ва баъди ин имтиҳонҳо оғоз меёбад. Ҳозир мутахассисон ҳисоб карда истодаанд, ки имтиҳонҳо дар мактаб то кай идома хоҳанд кард ва рӯзи охири имтиҳонҳоро ҳам эълон мекунанд,” гуфтааст  ин масъули маорифи Суғд. Қаблан соли хониш дар Тоҷикистон 1 сентябр сар шуда, 25 май занги охирин садо медод. Мақомоти маориф то 7 июн дароз шудани соли таҳсилро ба зиёд шудани соатҳои дарсии фанҳои дақиқ дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҳамагонии кишвар рабт медиҳанд. Ин кор, ба гуфтаи мудири маорифи Суғд, ба хотири ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намудани барномаи таълимии мактабҳои кишвар амалӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *