Интернет: Суръат пасту нарх баланд. Русҳо чаро аз Тоҷикистон мераванд?
Ҳазорҳо шаҳрванди Русия, ки пас аз эълони басеҷ (басиҷ) ё сафарбаркунии неруҳои эҳтиётӣ ба артиш ба Тоҷикистон гурехтанд, дар фикри кӯчидан ба кишвари севум будаанд. Яке аз сабабҳои кӯчидан аз Тоҷикистон суръати паст ва нархи баланди интернет аст.
Тошканд беҳтар аз Душанбе
Никита Станиславов пас аз эълони басеҷ аз Маскав ба Душанбе омадааст. Ӯ мегуяд, ки ҳоло дар фикри рафтан ба Туркия аст: “Маро суръати бисёр сусти Интернет дар Тоҷикистон ба ташвиш овард. Ман фосилавӣ кор мекунам ва барои ман интернети босифат лозим аст. Дар ин ҷо нархи бастаҳои интернет хеле гарон аст. Илова бар ин, нарх хеле баланд. Ин вазъ водор мекунад, ки Душанбеи офтобӣ ва барои зиндагӣ мувофиқу арзонро бо Истамбул иваз кунам”.
Максим Федоров низ аз интернети сусти кишвари мо шикоят мекунад. “Ман бар ивази 5 ҳазор рубли русӣ бастаи интернет харидорӣ кардам, вале он барои 10 рӯзи корӣ ҳам басанда набуд. Мегӯянд, ки интернети ноқилӣ бамаротиб арзонтару хубтар аст, вале ман ҷойи зисти доимӣ надорам ва дар иҷорахона интернет гузаронида наметавонам. Як ҳамкорам дар Тошканд аст. Охири ҳафта ба Ӯзбекистон хоҳам рафт”,-мегӯяд ӯ.
Ҳазорон шаҳрванди Русия баъди эълони басеҷ ё сафарбаркунии низомӣ, ки 21-уми сенятбр Владимир Путин имзо кард, ба Тоҷикистон омаданд. Маълум нест, ки мақомоти Тоҷикистон барои нигоҳ доштани мутахассисони рус талош доранд ё не, вале коршиносон мегӯянд, ки аксари русҳои фирорӣ мутахассисони хуби соҳаи технологияҳои нав мебошанд.
Нархи осмонӣ
Илҳомҷон Атоев, ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни нишасти ахири матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки нимсолаи аввали соли равон суръати воридшавии интернет ба ҷумҳурӣ ба 100 Гбит/сония баробар карда шудааст, ки дар қиёс бо соли қаблӣ зиёд мебошад.
Вай афзуд, ки дар соли 2021 суръати воридшавии интернет ба ҷумҳурӣ 70 Гбит/сонияро ташкил медод.
Бар асоси гузориши пойгоҳи numbeo.com, нархи моҳонаи интернети ноқилии бемаҳдуд бо суръати 60 Мбит/сония аз ҳама арзон дар Русия — 8,8 доллар ва аз ҳама гарон дар Туркманистон — ҳудуди 339,1 доллар мебошад. Ин нишондод дар Қазоқистон 10,6 доллар, дар Тоҷикистон 13,8, Қирғизистон — 14,1 ва Ӯзбекистон — 18,6 доллар арзёбӣ шудааст.
Ба иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, шумораи истифодабарандагони интернет, ҳам собит ва ҳам мобилӣ 4,2 млн нафарро ташкил медиҳад.
Суръати сангпушт
Суръати интернет дар Тоҷикистон хеле суст аст. Бар пояи раддабандии Speedtest Global Index, ки суръати интернети мобилиро дар 138 кишвари ҷаҳон таҳқиқ кардааст, Тоҷикистон бо суръати 7,57 мегабит дар сония (Mbps), дар мавқеи 134-ум ҷой гирифтааст.
Ин нишондод нисбат ба 1 соли гузашта 5 зина поинтар аст. Дар раддабандии порсола Тоҷикистон дар ҷойи 129-ум қарор дошт.
Дар ҳамин гузориши Speedtest Global Index аз моҳи ноябр, аз рӯи интернети ноқилӣ дар Тоҷикистон вазъ нисбатан беҳтар буда, байни 181 кишвар Тоҷикистон бо суръати 16,63 мегабит дар сония дар ҷойи 123-юм аст.
Ӯзбекистон дар ин раддабандӣ дар мавқеи 119 қарор дорад ва суръати интернети мобилӣ дар ин кишвар 13,67 ва интернети ноқилӣ 36,23 мегабит дар сония гуфта шудааст.
Чанде пеш бинобар як арзёбии дигар ҳам суръати Интернет дар Тоҷикистон сусттарин дониста шуд. Сомонаи Cable.co.uk бо нашри як гузориш Тоҷикистонро ба даҳгонаи кишварҳое дохил кард, ки суръати Интернет дар Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон аз назари суръати Интернет дар ҷойи 211-ум қарор дорад.
Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон пайваста мегӯянд, ки суръати Интернет дар кишвар суст нест ва “шояд мушкил дар дастгоҳи истифодабарандагон аст”.
Қаблан намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ низ аз дастрасии маҳдуд ва гаронии интернет шикоят карда буд. Ян-Питер Олтерс дар як вебсайти Бонки Ҷаҳонӣ мақолае нашр кардааст, ки дастрасии маҳдуд ва гарон ба интернет дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҷиддии ин кишвар аст.
Вай менависад: «Дар Тоҷикистон, ки 70 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд, мушкили дастрасӣ ва нархи баланди интернет ба назар намоён аст, ки ин суръати рушди иқтисод ва алоқаи кишварро бозмедорад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ