Наврасони Тоҷикистон ба даври финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтанд

Дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гуруҳи «Н» мақоми аввалро касб карда, ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Вохўриҳои ин марҳила дар ин гуруҳ бо ширкати дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Афғонистон ва Муғулистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд. Наврасони Тоҷикистон дар бозии якум дастаи Муғулистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб карданд. Дар даври ниҳоии даври интихобӣ наврасони Тоҷикистон бар ҳамсолони худ аз Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирўз шуданд. Голҳои Беҳрўз Хуҷаев ва Диловари Ҷамшедзода се имтиёз оварданд.

Бояд гуфт, ки ба ҷуз аз тими наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи мунтахаби Афғонистон низ аз гуруҳи “H” ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт. Ин даста дар бозӣ бо Муғулистон бо ҳисоби 5:0 пирўз шуд ва аз Тоҷикистон бо натиҷаи 0:2 ноком гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *