Интихоботи Туркия: Даври дуюм баргузор мегардад

Пас аз шумориши саддарсади баргаҳои раъй дар интихоботи президентии Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти феълии ин кишвар 49,35% ороро ба даст овард. Дар ин бора телевизиони ТВ24-и Туркия бо такя ба маълумоти Кумитаи марказии интихобот хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ дар ҷои дуюм номзади ягонаи мухолифин Камол Қиличдароғлу бо 45% оро қарор гирифт. Дар ҷои сеюм номзад аз Эътилофи АТА Синан Оган, ки 5,22% овоз гирифтааст, дар ҷои чаҳорум Муҳаррам Инҷе, ки номзадиашро аз интихобот бозпас гирифта буд, бо гирифтани 0,43% оро қарор гирифтанд.

Барои пирӯзӣ дар даври аввал яке аз номзадҳо бояд 50% бо иловаи як овозро соҳиб мешуд. Вале аз натиҷаҳо бармеояд, ки даври дуюми интихоботи президентӣ дар кишвар баргузор мешавад. Дар он пешсафони раъйдиҳии охирин — Эрдуғон ва Қиличдароғлу ширкат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи манобеъ, даври дуюми интихобот 28-уми май барпо мегардад.

Рӯзи 14-уми май низ интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. Дар он “Эътилофи ҷумҳурихоҳон” таҳти раҳбарии “Ҳизби адолат ва рушд”, ки ба он Эрдуғон раҳбарӣ мекунад, бо касби 49,31% оро пешсаф аст. Дар ҷои дуюм “Эътилофи мардумӣ”-и мухолифон бо 35,18%, дар ҷои сеюм “Эътилофи меҳнат ва озодӣ” бо 10,52%, дар ҷои чаҳорум “Эътилофи АТА” бо 2,46% қарор доранд. Боқимондаи ширкаткунандагони интихобот камтар аз 1% овозҳоро ба даст овардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *