Эрдуғон дар интихоботи Туркия пешсаф шуд

Бо вуҷуди он ки интихобот дирӯз соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ ба поён расид, Эрдуғон ва Қиличдароғлу аз ҷонибдорон даъват карданд, ки то эълони натоиҷи расмӣ аз қитъаҳои интихоботӣ берун наоянд.

Рӯзи 14-уми май дар Туркия интихоботи президентӣ ва парлумонӣ баргузор шуд. Расонаҳои Туркия гузориш медиҳанд, ки пас аз шумориши 99,55% оро дар интихоботи парлумонӣ, “Эътилофи ҷумҳурихоҳ” бо раҳбарии “Ҳизби Адолат ва Рушд” (АКР) президенти кунунӣ Раҷаб Таййиб Эрдуғон 49,3% ё тақрибан 322 курсиро аз 600 курсии парлумон ба даст овард. Вале дар интихоботи президентӣ бошад, пас аз коркарди 95% баргаҳои раъй Эрдуғон 49,52% оро ба даст овардааст.

«Эътилофи мардумӣ»-и мухолифон ба раҳбарии “Ҳизби Ҷумҳурии Халқ” (СНР) Камол Қиличдароғлу 35,19% ё тақрибан 212 курсиро дар порлумон ба даст овардаанд. Ҳамзамон дар интихоботи президентӣ Қиличдароғлу 44,75% ороро ба даст овард.

То ҳол танҳо ҳизби AKP метавонад 266 курсӣ ва CHP 168 курсиро ишғол кунанд. “Ҳизби Ҷунбиши Миллӣ” ва “Ҳизби Некӯаҳволии Нав”, ки бахше аз Иттиҳоди ҷумҳурихоҳон ҳастанд, мутаносибан 51 ва 5 курсӣ мегиранд. Аммо “Ҳизби Роҳи бузург”, ки низ узви ин иттиҳод аст, ҳамагӣ 1% овоз гирифт ва соҳиби мандати вакилӣ нахоҳад шуд.

«Ҳизби нек», ки ба ҳайати «Эътилофи мардумӣ» шомил аст, 44 курсиро соҳиб шуд. “Эътилофи меҳнат ва озодӣ”, ки “Ҳизби сабз”-и чапгаро шомили он аст, метавонад ба 66 курсӣ такя кунад. Ва “Эътилофи АТА”, ки Синан Онан ба унвони номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ кардааст, дар порлумон курсие нагирифт.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия, ҳангоми мусоҳибаи телевизионӣ худро бад ҳис карда, аз ҳуш рафтааст. Пас аз ин дар Интернет овозаҳое пайдо шуданд, ки сарвари давлат сактаи қалб дошта бошад, аммо ин маълумот рад карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *