Пешвоёни тоҷику туркман дар суҳбати телефонӣ чӣ гуфтанд?

Имрӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои миллии мардуми Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ доир карданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод.

Дар хабар гуфта шудааст, ки ҷонибҳо дар рафти суҳбат тамоми маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон, вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

“Ҷонибҳо зимни суҳбати телефонӣ масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи олии минтақавӣ, аз ҷумла саммитҳои Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Бунёди байналмилалии наҷоти Аралро, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, муҳокима карданд”,- меафзояд манбаъ.

Ҳамчунин дар рафти суҳбат перомуни дигар мавзуҳои хоса андешаронӣ сурат гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *