Қирғизе бо шиносномаи тоҷикӣ ҷиноят кард
Мақомоти тоҷик аз истифодаи шиносномаи як шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи як сокини Қирғизистон, ки узви гурӯҳи «Давлати исломӣ» будааст, хабар додаанд. Аз вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар додаанд, ки шаҳрванди Қирғизистон Кобилҷон Уғли Хусанбой рӯзи 12-уми май аз Туркия ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Ба иттилои манбаъ, ин шаҳрванди Қирғизистон ҳамчун гумонбари даст доштан дар терроризм ва ҳини талоши убур аз марзи Туркия-Сурия, аз сӯи мақомоти Туркия боздошт шудааст. Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки пас аз тафтишоти иловагӣ муайян карданд, ки Кобилжан Уғли Хусанбойи 23-сола зода ва сокини узбактабори шаҳри Узгени вилояти Ӯши Қирғизистон буда ва шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон Ҳидоятулло Ғайрови 28-соларо ғайриқонунӣ истифода бурдааст. Дар ҳоли ҳозир ин шаҳрванди Қирғизистон дар боздошт қарор дошта ва тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ