Муфтӣ ба зани маъюб манзили нав тӯҳфа кард

Муфтии Қазоқистон Ержан Маямеров ба як зани маъюб, ки манзилаш дар шаҳри Оқтеппа бар асари обхезиҳо хароб шуда буд, калиди манзили нави дуҳуҷрагиро тӯҳфа кард. Аз ин пеш як имомхатиби қазоқ мошини ба худаш тӯҳфашударо ба фарроши масҷид дод, то ки барои худашу 7 фарзанди ятимаш хона бихарад.

Ҳукумати шаҳри Остонаи Қазоқистон хабар дод, ки раҳбари идораи мусалмонони ин кишварЕржан Маямеров ба як зани маъюб дар Оқтеппа манзили дуҳуҷрагӣ тӯҳфа кардааст. Маросими ба хонаводаи Сагиниш Тобажанова супурдани калиди ин манзили нав дар маҳаллаи Нур-Оқтеппа рӯзи 19 май доир шудааст.

Муфтиёт ба ин зан, ки маъюби гурӯҳи дуюм будааст, ҳамчунин ҷевони лозим барои хонаи нав ва ду қолин тӯҳфа карда, ӯро бо маҳсулоти хӯрока низ таъмин кардааст.

Сагиниш Тобажанова то кунун дар маҳаллаи Маҳамбетов зиндагӣ мекард, вале манзили вай бар асари обхезиҳои баҳори имсола тахриб шуд.

Дар ибтидои моҳи май дар бораи иқдоми Қанат Кидирмин, имом-хатиби масҷиди ба номи Наван Ҳазрати шаҳри Кокшетау гузориш шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *