Қирғизистон: 38 довталаб ба курсии президентӣ

Кумиссиюни марказии интихобот дар Қирғизистон аз як шаҳрванди бознишаста аризаи иштирок дар интихоботи раёсати ҷумҳурро дарёфт кард, ки бо ворид шуданаш ба сабқат шумори довталабонро ба 38 нафар расонд. Ҳудудан шаш довталабро ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ кардаанд.

Раҳбари ҷиноҳи порлумонии ҳизби «Ота-Макон», Омурбек Текебоев ба гурӯҳи даҳҳо номзади худгардон шомил аст. Текебоев аз рақибони аслии президенти феълӣ Алмосбек Отамбоев номбар мешавад, вале ҳоло бо иттиҳоми фасодкорӣ дар боздошт ба сар мебарад. Дар оғоз «Ота-Макон» Текебоевро ба сабқати президентӣ номзад пешниҳд кард, аммо ӯ гуфт, ки мехоҳад аз тариқи худпешбарӣ дар интихобот иштирок кунад.

Интихоботи раёсати ҷуҳмур ба таърихи 15 октябр барномарезӣ шудааст, аризаи довталабон то 1 август қабул мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *