Бохти футболбозони 20-солаи Тоҷикистон

Мунтахаби ҷавонони 20-солаи  Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар мусобиқаи байналмилалии дӯстона, ки имрӯзҳо дар шаҳри Сочи бахшида ба чемпионати ҷаҳон-2018 дар Русия ҷараён дорад, бозии даври дуюмро ба мунтахаби Арманистон (2:4) бой дод.

Ҳисоби бозиро нахстин шуда, дар дақиқаи 18-ум аз зарбаи ҷаримавии ёздаҳметра ҳамлагари мо Муҳаммадҷон Лоиқов кушод. Вале ба ҷавонони арман муяссар шуд, ки ҳисобро аввал  баробар ва баъд ба 3:1 расонанд. Дар қисми дуюм дастаҳо ба дарвозаи ҳамдигар боз як тӯбӣ зада, ҳисобро 2:4 карданд. Голи дуюмро аз мунтахаби кишварамон Аҳтамҷон Абдуллоев зад.

Бозии сеюмашро мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 27 июл бо мунтахаби Қазоқистон мегузаронад.

Мусобиқаи Сочи  барои Мунтахаби ҷавонони  Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ ба давраи интихобӣ ба чемпионати Осиё-2018, ки аз 31 октябр то 8 ноябри соли равон дар шаҳри Ҳисор баргузор мешавад,  маҳсуб меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *