Қирғизистон боздошти писари генерали тоҷикро рад намуд

 

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабарҳои нашршуда дар бораи моҳи гузашта дар марзи вилояти Бодканд бо 20 кило ҳероин боздошт шудани Қаноатшоҳ Искандаров, писари 27-солаи генерал Шоҳ Искандаров, сардори милисаи шаҳри Турсунзодаро рад кард.

Вазорат гуфт, чунин мавриди қочоқи маводи мухаддир дар ҳудуди Қирғизистон сабт нашудааст.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар як изҳорот гузоришҳо дар бораи боздошти писари як мақоми баландпояи милисаи Тоҷикистон бо миқдори бузурги маводи мухаддир дар марз бо вилояти Бодкандро беасос номид.

Чанд нашрияи интернетӣ, аз ҷумла eurasianews.info ва ca-snj.com ахиран мақолаеро бо номи «Бизнеси оилавии Муҳаммадшоҳ Искандаров” нашр карданд, ки дар он гуфта мешуд, Қаноатшоҳ ва Амиршоҳ, ду писари генерал Муҳаммадшоҳ Искандаров, сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода, ки бештар бо номи Шоҳ маъруф аст, як шабакаи қавии қочоқи маводи мухаддири афғонӣ аз тариқи марзи ноҳияи Ҷиргатол бо Қирғизистонро ба роҳ мондаанд. Бино ба ин матлаб, гӯё Қаноатшоҳ Искандаров ҳамроҳ бо як шарикаш аз вилояти Ӯш дар марз бо вилояти Бодканд бо 20 кило ҳероини сифаташ олӣ аз ҷониби мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дастгир шудааст.

Худи Шоҳ Искандаров қаблан ин хабарҳоро рад кард ва гуфт, писаре бо номи Амиршоҳ надорад, вале фарзанди 27-солааш Қаноатшоҳ машғули тиҷорат аст ва сару коре бо маводи мухаддир надорад. Шоҳ Искандаров гуфт, ӯву оилаашро тӯҳмат кардаанд.

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Қирғизистон низ дар изҳороти расмиаш иддаоҳои нашршуда дармақолаи «Бизнеси оилавии Муҳаммадшоҳ Искандаров”-ро рад карда, мегӯяд, «иддаоҳо дар бораи ин ки моҳи гузашта дар минтақаи марзи вилояти Бодканд қочоқбарони маводи мухаддир бо 20 кило ҳероини сифаташ олӣ дастгир шуданд, воқеият надорад. Дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон чунин ҳодисаи марбут ба маводи мухаддир сабт нашудааст.”

Вазорати дохилаи Қирғизистон ҳамин тавр, иддаои муаллифи ин мақола дар бораи таҳти ҳимояти мансабдорони баландпояи қирғиз қарор доштани қочоқи маводи мухаддирро беасос хонда, гуфтааст, «чунин даъвоҳои пойдарҳаво ба эътибори мақомоти давлатии Қирғизистон латма мезананд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *