Боз садамаву боз тоҷик

Шаби гузашта дар натиҷаи бархӯрди мошини КамАЗ бо микроавтобуси муҳоҷирони тоҷик дар шоҳроҳи Саратов – Нижний Новгород дастикам 4 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 7 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Вазъи саломатии 4 тан аз захмиён вазнин гуфта мешавад.

Шаби 30 октябр, соати тақрибан 23 дар километри 558-уми шоҳроҳи Саратов – Нижний Новгород як мошини боркаши КамАЗ бо микроавтобуси «Volkswagen Caravelle”-и муҳоҷирони тоҷик бархӯрд. Дар ин садама ронандаи КамАз осеб надидааст, вале аз 11 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки савори микроавтобус буданд, ду нафар дар ҷои ҳодиса ва ду тани дигар дар бемористон ба ҳалокат расидаанд.

7 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин садама ҷароҳат бардоштаанд ва аз онҳо танҳо ду нафаре, ки захмҳояшон сабук буд, ба роҳи худ идома дода, 5 тани дигарро ба бемористон бурдаанд. Табибон вазъи саломатии 4 тан аз маҷрӯҳонро вазнин меноманд.

Ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Петровскийи вилояти Саратов дар шоҳроҳи Р-158 рух додааст ва ҳодисаро пулиси вилояти Саратов таҳқиқ мекунад. Муовини сухангӯи пулиси Саратов Владимир Костёров гуфтааст, ки зоҳиран гунаҳкори садама ронандаи КамАЗ аст. Аммо пулис дар ҳоли ҳозир аз ироаи ҷузъиёти бештари ин ҳодиса худдорӣ мекунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *