Қирғизистон маҳдудияти воридсозии гӯшти мурғро аз Қазоқистон бекор кард

Қирғизистон маҳдудияти воридсозии гӯшти мурғро аз Қазоқистон бекор кард. Дар ин бора Нозироти давлатии бойторӣ ва беҳдоштии Қирғизистон 13 октябр хабар дод.

Гуфта мешавад, бекорсозии маҳдудият дар натиҷаи чораандешии Қазоқистон сурат гирифтааст.

Нозироти давлатии бойторӣ пештар аз ин хабар дода буд, ки дар ноҳияҳои наздимарзии Қазоқистон бо Қирғизистон нишонаҳои хуруҷи зукоми мурғ мушоҳида мешавад. Ба ин далел воридоти маҳсулоти мурғии Қазоқистон ба Қирғизистон барои чанд рӯз манъ шуд.

Қазоқистон гуфт, маҳдудияти воридсозии гӯшт ва тухми мурғ аз ҷониби Қирғизистон ғайри қобили қабул аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *