Намоиши асарҳои рассоми шинохтаи тоҷик Исуфҷон Сангов (12 акс)

Санаи 13 октябри соли 2018 дар толори меҳмонхонаи “Шумон” намоиши асарҳои рассоми шинохтаи тоҷик Исуфҷон Сангов баргузор гардид. Намоишнома то санаи 31 октябр идома меёбад.

Ёдовар мешавем, ки Исуфҷон Сангов 5 августи соли 1944 дар шаҳри Кӯлоби  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 1960 омӯзишгоҳи рассомии Душанберо ба итмом расонида, соли 1970  факултаи санъати монументалии Омӯзишгоҳи олии бадеии саноатии шаҳри Москваро хатм мекунад. Соли 1978 ба узвияти Иттифоқи рассомони Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардидааст. Аз соли 1969 асрҳои ӯ пайваста дар  Намоишгоҳҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба намоиш гузошта шудаанд.  Ба унвони Рассоми халқии Тоҷикистон (2003), ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ (2004) ва ба унвони Профессори ифтихории Донишгоҳи санъати Нанкини Ҷумҳурии халқии Хитой (2011) ноил гардидааст.

1997 – Арбоби ҳунари Тоҷикистон.

1999 – Профессори ифтихории Академияи санъати тасвирии муосири шаҳри Москва.

2010 – Дипломи дараҷаи аввали Бозиҳои олимпии Осиё дар Гуанҷовуи Хитой. “Ороишгари ЭКСПО – 2010“ дар шаҳри Шанхайи Хитой.

2012 – Иштирокчии Намоишгоҳи санъати тасвирии ҷаҳон дар Пекин. Дипломи фахрӣ барои асари “Шаҳри сафед”.

2013 – Унвони ифтихории “Муссавари сулҳ дар тамоми ҷаҳон” (Пекин).

Гузориши аксӣ аз рафти баргузории намоиш (12 акс).

Бахтовар Сафаров

Мумтоз Бозорбоева

Мумтоз Сафарова

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *