Қирғизистон-Мянма: 7:0
Тими мунтахаби футболи Қирғизистон 10 октябр дар майдони худ варзишкорони Мянмаро бо ҳисоби 7:0 шикаст дод.
Ин бозӣ дар доираи даври дувуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол ва Ҷоми Осиё-2023 баргузор шуд, ки 5 сентябри соли равон оғоз гашта буд. Он рӯз дастамаи мунтахаби Қирғизистон бозиро бо ҳисоби 0:1 ба тими Тоҷикистон дар Душанбе бохт.
Футболбози қирғиз Эдгар Бернхардт нахустин шуда дар дақиқаҳои 5-10-ум тупро ба дарвозаи ҳариф ворид сохт. Голҳои баъдиро варзишкорон Алимардон Шукуров, Гулжигит Алиқулов ва капитани даста Валерий Кичин ба ҳадаф расонданд.
Бояд тазаккур дод, дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол 40 даста ширкат меварзад, ки ба 8 гурӯҳи иборат аз панҷдастаӣ тақсим шудааст.
Марҳилаи интихобӣ, ки 5-уми сентябри имсол шуруъ шуд, 9-уми июни соли 2020 ба поён мерасад. 8 ғолиби гурӯҳ ва 4 дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ