64 кӯдакро аз Ироқ ба Ӯзбекистон оварданд

Дар ҷараёни як амалиёти башардӯстонаи мавсум ба “Меҳр-2” аз шаҳри Бағдоди Ироқ ба шаҳри Тошканд 64 кӯдаки аз 3 то 14-сола интиқол дода шуд.

Ин амалиёт бар асоси дастури Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ироқ ва Бунёди кӯдакони СММ –ЮНИСЕФ анҷом шуд.

39 нафари кӯдаконро бачаҳо ва 25 нафари дигарро духтарон ташкил додаанд.

Гурӯҳи вижа аз Ӯзбекистон бо занҳои ӯзбекистонӣ, ки дар зиндонҳои Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд, мулоқот карда ва бо ризоияти онҳо кӯдаконро ба Ӯзбекистон овардаанд.

Зимнан, дар рафти амалиёти “Меҳр” дар моҳи майи соли ҷорӣ 155 зану кӯдак аз Ироқ ба Ӯзбекистон мунтақил шуда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.