Эмомалӣ Раҳмон озими Ишқобод шуд

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Ишқободи Туркманистон сафар кард. 

Ба иттилои котиботи Президенти  Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, Шукурҷон Зуҳуров, Қоҳир Расулзода, Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо, Прокурори генералӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Сафари Пешвои миллат Эмомалӣ  Раҳмон ба Туркманистон дар ҳолест, ки соли гузашта Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки таҳти раёсати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, иштирок накард ва Пурлӣ Оқомуродов, ноиби сарвазири Туркманистонро фиристода буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *