Қирғизистон: Оғози парвандаи ҷиноии «Беэҳтиромӣ ба мурдаҳо ва қабри онҳо»
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар медиҳад, ки дар робита ба қазияи манъи гӯр кардани ҷасади зани масеҳӣ бо моддаи «Беэҳтиромӣ ба мурдаҳо ва қабри онҳо» парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Ин модда ҷаримаи ҳангуфт ва ё аз 3 то 5 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
14 октябри соли ҷорӣ сокинон ва имомҳои ноҳияи Ала-Букини Қирғизистон нагузоштанд, ки ҷасади Канигул Сатиболдиева, пайрави мазҳаби баптистии масеҳӣ дар қабристони умумӣ дафн шавад. Баъди баҳсҳо, ҷасади вай дар қабристони деҳаи ҳамсоя дафн шуд. Аммо он ҷо низ сокинони маҳаллӣ изҳори норизоӣ карданд. Ниҳоят ҷасади ин зан бори севум ба хок супорида шуд.
Пештар аз ин омбудсмен ва ё ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон Кубат Оторбоев бо ирсоли нома ба Додситонии кулл хост, ки нисбати ин ҳодиса чораандешӣ шавад. Вай дар номааш зикр кардааст, ки қабристонҳо дар ихтиёри мақомоти маҳаллӣ ҳастанд, на сокинон ва руҳониён.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ