Ирина Лазаренко пешниҳоди Нуъмонҷон Ғаффориро пазируфт
Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода — ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Лазаренко Ирина Рудолфовна — ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Россияро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки Њабибулло Сатторї, сухангўи донишгоњ ба хабарнигори “Тоҷикистон”иттилоъ дод, вохӯрӣ 10-уми октябри соли 2019 доир гардида, ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро матраҳ намуданд.
“Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро барои боз ҳам вусъат бахшидан ва мустаҳкамтар намудани робитаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимию бозомӯзӣ миёни ин донишгоҳҳо мавриди баррасӣ қарор доданд”-гуфт манбаъ.
Нуъмонҷон Ғаффорӣ ба ҳамтои худ пешниҳод намудааст, ки миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтай дар самти бозомӯзӣ ва ба такмили ихтисос фаро гирифтани устодон ва мубодилаи донишҷӯён ба роҳ монда шавад. Ирина Лазаренко пешниҳодро ҷонибдорӣ намуда, бо мақсади тавсеаи равобити дуҷониба созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ