Ректорони макотиби олӣ ба Суғд омаданд (аксҳо)

Имсол ҷаласаи Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар доираи ҷаласаи Шӯро, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дидан намуданд. Сино Ғафурӣ, як  масъули ин донигоҳ иттилоъ дод, ки меҳмонон нахуст аз маҷмааи варзишии навбунёди барҳавову замонавӣ дидан карданд.

Маҷмааи варзишии барҳаво бо тарҳи зебову замонавӣ иборат аз ду ошёна, бо тамоми шароити машқу тармим мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар толор барои обутоби бадан, бозиҳои волейбол, футбол, баскетбол, гандбол шароит муҳаё карда шудааст.

Пас аз боздид аз толори варзишӣ меҳмонон бо дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ шинос гардиданд. Ҳамзамон, ихтирооти донишҷӯён, ки раванди фаъолияти меҳнатиро дар соҳаи кишоварзӣ осон мегардонад, муаррифӣ гардид. Ихтирооту навгониҳои донишҷӯён аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд гирифт.



Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.