IRS аз 1-уми май маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мекунад

Чанде пеш дар филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  санади дахлдор — “Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳи автомобилгарди Душанбе — Чаноқ барои соли 2022” ба тасвиб расид. Тибқи он, аз 1-уми майи соли равон то 31-уми августи ҳамин сол маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 10:00 то 20:00 ҷорӣ мешавад.

Ҳадафи иқдоми мазкур, ки талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2011, №569 «Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ва тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум» амалӣ мегардад, татбиқи бечунучарои  шартномаи консессионии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” ва  пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳи автомобилгарди Душанбе — Чаноқ маҳсуб мешавад.

Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст.

Дар ин замина, намояндагиҳои Филиали Ширкат дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷобаҷогузории аломатҳои дахлдори роҳро вобаста ба маҳдудиятҳои муқарраршуда таъмин менамоянд.

Раёсати бехатарии филиали Ширкат ва шуъбаҳои бехатарӣ дар минтақаҳо вазифадор шудаанд, ки ҳамкориро бо кормандони БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, бо дарназардошти маҳдудияти муқарраршуда дар нуқтаҳои вазнченкунӣ ва плазаҳои толлингӣ ба роҳ монда, ҷиҳати пешгирии тамбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт чораҳои дахлдор андешанд.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки тибқи зарурат бо супориш ва дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давомнокии маҳдудияти мавсимӣ таѓйир дода мешавад. 

Ин омил, яъне тайир додани реҷа ҳангоми аз 25 дараҷа паст гардидани ҳарорати рўзонаи ҳаво низ пешбинӣ шудааст.

Бо дарназардошти муҳимият, талаботи зикршуда ба воситаҳои нақлиёте, ки ба интиқоли чорво машғуланд ва автомобилҳои барои интиқоли борҳои тезвайроншаванда махсусгардонидашуда, ки ду тири меҳвари ягона дошта, вазни умумиашон на зиёда аз 10 тонна аст (категорияи 2 бе ядак), татбиқ намешавад.

Ба ибораи дигар, чунин намуди автомобилҳои боркаш дар мавсими ҷорӣ шудани маҳдудият метавонанд вақти дилхоҳ ҳаракат намоянд.

Иқдоми мазкур идомаи мантиқии тадбирандешиҳои IRS вобаста ба нигоҳдории роҳ дар сатҳу хубу сифати баланд маҳсуб шуда, дар аксар мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст.

Сулҳия ШОҶОНОВА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *