IRS: Харҷи зиёда аз 27 ҳазор тонна асфалт

Ин нишондиҳанда гувоҳи он мебошад, ки “IRS дар  нигоҳдории роҳи Душанбе -Чаноқ  бениҳоят масъулиятшинос аст.

Таъмиру таҷдид дар фаъолияти филиали “IRS” мақоми меҳварӣ дошта, соли равон бо харҷи 27167,37 тонна асфалт таъмири 189011 метри квадратии роҳ дар назар буд.

  Тавре  аз Маркази матбуоти филиали Ширкат иттилоъ доданд, тибқи нақша, дар минтақаи Варзоб 46050 метри квадратӣ бо масрафи 6595,35 тонна асфалт, минтақаи Зарафшон – 42821метри квадратӣ бо сарфи  6072,52 тонна асфалт ва дар минтақаи Суғд 100140 метри квадратӣ бо харҷи 14499,50  тонна асфалт  бояд таъмири куллӣ ва ҷорӣ мегардид.

  Ба  шарофати масъулиятшиносӣ, азми қавии кормандон ва истифодаи самараноки имкониятҳои аз ҷониби роҳбарияти филиали Ширкат фароҳамшуда дар Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон нақша барзиёд иҷро гардида, 57299,28  метри мураббаъ роҳ таъмир шуд, ки ба 134 фоиз   баробар аст.

  -Дар намояндагии Варзоб низ нақшаи мавриди назар барзиёд иҷро гардида, бо истифода аз 7174,30  тонна мумқири истеҳсоли корхонаҳои худӣ 50363  метри квадратӣ таъмир шуд. 109 фоиз иҷро шудани нақшаи муайянгардида  шаҳодати он аст, ки  дар минтақаи зикршуда низ фаъолият дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ гардидааст. Фаъолияти кормандони намояндагии минтақаи Суғд низ пурмаҳсул буда, дар ин замина 103237, 94 метри мураббаъ таъмир ва барои ин кор 12011,40 тонна асфалт сарф гардид. Дар маҷмӯъ, ба ҷои 189011 метри квадратӣ пешбинишуда, 210900, 22 метри квадратии роҳи мавриди назар таъмир шуд,-афзуд манбаъ.

  Ҳар рӯз садҳо мутахассиси соҳибтаҷриба бо кумаки техникаи махсусгардонида ба нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ, ки аз лиҳози моҳият дар ҷисми кишвар шабеҳи шоҳраг аст, машғул буда,  кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то сифати он барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад.

    Бино ба гуфти масъулин, вақтҳои охир теъдоди шахсоне, ки зимни сафар аз тариқи роҳи Душанбе – Чанок сипоси хешро тавассути баргаҳои филиали Ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ  ва сомонаи  он ба роҳбарият ва кормандони “IRS” барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст. Зеро онҳо шоҳиди ҳол мешаванд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, филиали Ширкат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст. Муҳимтар аз ҳама, аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки пештар аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун IRS роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд.

   Омили мазкур масъулияти кормандони IRS- ро афзун намуда, барои боз ҳам беҳбуд бахшидани нишондиҳандаҳои фаъолият такони ҷиддӣ  мебахшад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *