«Дилшоди СБ» боздошт ба Душанбе интиқол ёфт

Дилшод Саидмуродов, муллақаб ба «Дилшоди СБ» ё “Дилшоди красавчик” дар Русия боздошт ба Душанбе интиқол ёфтааст.

Ӯро гунаҳгори асосии куштори муовини якуми раиси “Ориёбонк” Шӯҳрат Исматуллоев медонанд.

Қаблан мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар хабар дода буданд, ки роҳбарии гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро вобаста ба рабудани муовини аввали роҳбари ҶСК «Ориёнбонк» Шуҳрат Исматуллоев шаҳрванди Тоҷикистон Дилшод Саидмуродов ба уҳда доштааст. Ӯ нақшаи ҷинояти мазкурро моҳи марти соли 2022 тарҳрезӣ ва барои амалӣ намудани он гурӯҳи муташаккили ҷиноятии яроқнокро зиёда аз 10 нафар ташкил намуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *