Исфара: Бунёди муҷассамаи зардолу

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд муҷассамаи зардолуро бунёд намуданд, ки баландии он ба 5 метру 70 см баробар буда, васеъияш ба 4 метр мерасад. Ин муҷассамаи дар пешорӯи маркази савдои “Пайванд” қомат афрохтааст. Сабаби бунёи муҷассамаи зардолу дар ин шаҳр дар он аст, ки зардолу манбаи асосии даромад буда, аксарияти сокинон аз ҳисоби даромади ин намуди мева рӯз мебаранд.

Дар шаҳри Исфара маҷмӯан 12 ҳазору 258 гектар  боғот мавҷуд буда, аз ин миқдор 10 ҳазору 600 гектарашро зардолубоғ ташкил медиҳад, ки дар он 21 намуди зардолуро парвариш мекунанд. Рушди соҳаи боғдорӣ, хосатан зардолупарварӣ дар шаҳри Исфара боис гашт, ки дар ин минатқа дар давоми 5-6 соли охир беш аз 10 корхонаи коркарди зардолу бунёд гардад.

Дар нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара 13 ҳазору 267 тоннаи маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки аз ин 12 ҳазор тоннаашро меваи хушки намуди зардолу ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *