Исфара: Соҳилбандӣ ба хотири пешгирии сел
Дар маҳаллаи Айнии ҷамоати деҳоти Шӯроби шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҷиҳати омодагӣ ба обхезӣ ва пешгирӣ аз омадани сел корҳои соҳилбандӣ оғоз шуданд. Дарозии ин селроҳа 1500 метр аст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин кор дар асоси иҷрои «Нақшаи асосии чорабиниҳои вилояти Суғд оид ба мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022» амалӣ карда мешавад.
— Кор бо ташаббуси Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо дастгирии Сарраёсати беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Исфара оғоз гардид. Барои анҷоми ин корҳо техникаи махсуси муҳандисӣ ҷалб шуд. Айни замон масоҳаи 400 метр селроҳа аз сангрезаҳо пок шуд. Корҳои соҳилбандӣ идома доранд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ