Хуҷанд: Ниҳолу тухмии арзони гул мехоҳед? Марҳамат ба ярмарка!

Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаҳои 26 ва 27-уми феврали соли равон дар майдони назди Театри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироатҳо гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ярмаркаи мазкур бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркуниву ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолии шаҳру навоҳии вилоят гузаронида мешавад.

— Сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд метавонанд ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳоро аз ярмарка бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *