Бӯстон: Мавсума Муинӣ ба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат рафт

22-юми феврали соли ҷорӣ, дар остонаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ҳамчун анъанаи хоси ниёгон як зумра собиқадорони ҷангу меҳнатро, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар хизматҳои содиқона намудаанд, аёдат кард.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Бӯстон, зимни суҳбат бо собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокиров Ҷӯра Раҳмонович ва ҷанговари байналмилал, иштирокчии замони барқарорсозии сохти конститутсионӣ Муминов Абдуғаффор иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ онҳоро бо 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, таъкид дошт, ки хизматҳои шоёни мардони далеру шуҷои Ватан, ки дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар мамлакат ҷоннисориҳо намудаанд, ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *