Ишқи пурхуни зани шавҳардор (тафсилоти як куштор)

Куштори ваҳшиёнаи ин ҷавони ошиқ барои ҳангоматалабон ҳангома, барои воҳимачиён воҳима, барои ғайбатчиҳо мавзӯи баҳси навбатӣ гашта, сару садоҳои зиёдеро дар ҷомеа ба вуҷуд овард.

Яке мегуфт, ки ҷавон духтареро дуздидаасту хешу табори духтар сари нанг омада, ӯро ба қатл расонидаанд, дигарӣ ин андешаро рад намуда, ҳодисаро ба хусумати авлодӣ рабт медод, сеюмӣ иддао мекард, ки ин рӯйдоди хунин ба ишқу ошиқӣ ҳеҷ иртибот надорад, яке аз дӯстонаш нисбати Иброҳим дар дил кина доштааст ва пайти муносиб ёфта, қасди худро ситонидааст, чаҳорумӣ тахмин менамуд, ки куштори даҳшатзои ин ҷавони 22-сола кори дасти як кас набуда, гурӯҳи калони ҷиноятпеша бо маслиҳати пешакӣ амал намудаанд…

Хуллас, ҳар кас ба таври худ ҳодисаро шаҳру эзоҳ медод. Бо мақсади нуқта гузоштан ба тахмину гумон ва сару садоҳои пурҳангома мо ба ҷойи ҳодиса сафар намудем, то аз асли гап бохабар шавем.

                                                                                                  

Таксист чӣ гуфт?

Вақте ба истгоҳи таксиҳо расидем, аз бисёрии нақлиёт ба қавле сӯзан партоӣ, ба замин намерасид. Одамони зиёде овораи гирудори рӯзгор дар истгоҳ равуо доштанд. Аз чанд нафар ҷойи таксиҳои Ҷавкандакро пурсон шудем. Яке бо даст ишора карда назди фалон дӯконча мегуфт, дигарӣ бо ҳамин роҳ рост рафтан гиред, худаш маълум мешавад гӯён, осемасар роҳашро идома медод. Пурсида-пурсида ниҳоят мо истгоҳи мошинҳои ба самти Ҷавкандак равонаро  пайдо намудем.

-Ако, ҳамин мошин ба Ҷавкандак меравад?-Пурсидем аз ронандае.

-Мерад. Шумо кадом тарафи Ҷавкандак рафтанӣ?-Дарҳол меҳмон буданамонро пай бурда пурсид таксист.

-Ба хонаи Иброҳим Саидов…

—Ҳа, Худо раҳматаш кунад, Иброҳимҷон бачаи хуб буд! Барои як зани беандеша шуда, бачаи бечораро гӯсфанд барин реза карда бисёр кори увол карданд,-Ронанда оҳи сарде кашида, афсӯс хӯрд.

Гумон кардем, ки таксист ягон хеши наздики марҳум аст.

-Иброҳим ба шумо кӣ мешуд?-Пурсидем аз ронанда.

-Ҳамту ҳамшаҳрӣ будем, вале касе, ки набошад, фарзанди одам буд,  дили кас ба ҳолаш месӯзад.

-Хонаашонро ба мо нишон медиҳед?

-Шинед, то пеши дарашон бурда мемонам,-Инро гуфта ронанда дари мошинашро кушод ва мо фурсатро аз даст додан нахоста нишастем.

Иброҳими ғурамарг 

-Шумо ба фикрам журналист-а?-Баробари ба роҳи калон баромадани мошин пурсид ронанда.

-Аз куҷо фаҳмидед?

-Аз кунҷковиатон. Журналистҳо бисёр одамони зирак мешаванд, аввал аз ронандаю роҳгузар ва ҳаққу ҳамсояҳо ҳама чизро фаҳмида, баъдан аз паси кор мешаванд…

-Шумо дар бораи куштори Иброҳимҷон чӣ андеша доред? Ҷавон дар ҳақиқат ягон гуноҳ дошт ё қурбони дасиса гашт?

Коре, ки нисбати ин бача карданд, ҳатто ҳайвони дарранда намекунад! Наход барои як духтари беандеша гул барин бачаро 31 корд занӣ-а?! Нангу номусашон ин қадар баланд бошад, бояд духтарашонро ҷазо медоданд, охир духтар худаш бачаро ба мулоқот даъват кардааст-ку!

-Шумо духтареро, ки куштор аз рӯйи ӯ сар задааст, мешиносед?

-Чанд рӯз пеш он духтарро дида будам, гӯё ягон ҳодиса нашуда бошад, фасон карда гаштааст. Андеша намекунад, ки аз рӯйи ман як ҷавони бегуноҳ қурбон шуду нисфи авлоди падараш ба пушти панҷара рафт. Ба дидан духтари явош (оромтабиат) менамояд, вале расо бефаросат будааст…

Ҳамин тавр аз ину он чақ-чақкунон ба Ҷавкандак расидем ва ронанда моро дар пушти дари хонаи мотамзада фароварда аз паси кору бори худ рафт.

 

Зулола бо янгаи Иброҳим 

Қотили падару писар як аст

“Аз рӯзи марги писараки ғуррамаргам инҷониб ба худ нестам, охир ин ҳодисаи андак набуд, ки ба зудӣ фаромӯш шавад. Худо ба душмани кас чунин рӯзи сахтро нишон надиҳад, ҳанӯз ғами марги шавҳарам дур нашуда ба сари оилаи мо боз як фоҷиаи бузург омад. Дар рӯзи маъракаи 20-и падараш писаракамро гӯсфанд барин реза карданд. Аламовараш он аст, ки ҳам шавҳару ҳам писарам қурбони теғи як қотил гаштанд…”,- бо алам қисса кард модари Иброҳимҷон.

Ман, ки аз якбора рӯй додани ду фоҷиа дар ин хонадон бехабар будам, ҳайрон шуда пурсидам:

-Магар шавҳаратонро ҳам кордборон карда буданд?

-Не, шавҳарам ба шаҳри Хуҷанд барои  қисмҳои мошин рафта буд, баъд ба мо хабар расид, ки мардакам дар дарёи Сир ғарқ шудааст. Ростӣ, то куштори бераҳмонаи писарам мо гумон доштем, ки сутуни хонадонамон дар ҳақиқат дар дарё ғарқ шудааст, вале баъди ин фоҷиа маълум шуд, ки падару писар аз дасти як авлод ба қатл расидаанд. Аҳли оилаи Султон нақшаи нест кардани шавҳару писари маро кайҳо кашида будаанду мо бехабар.

-Шавҳаратонро чӣ гуна ба қатл расониданд?

-Бо роҳи фиреб мардакамро ба тарабхона бурда маст кардаанду баъд бо сад ранҷу азоб, ба қавли русҳо “издеватся” карда куштаанд. Қотилон иқрор шудаанд, ки сарашро чанд бор гаштаю баргашта ба об зада, то мурданаш шавҳарамро азоб додаанду баъдан ҷасадашро ба об тела дода, ба МЧС-и Хуҷанд  занг зада гуфтаанд, ки як мардак дар дарё ғарқ шудааст. Барои он ки аз онҳо гумонбар нашаванд, худро сокини ноҳияи Мастчоҳ муаррифӣ кардаанд.

-Шумо тафсилоти ҳодисаро аз куҷо фаҳмидед?

-“Умри дурӯғ кӯтоҳ аст”-мегӯянд духтарам, ҳамааш баъди куштори даҳшатноки писарам рӯйи об баромад. Раҳимқули қотил чун ба дасти ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ афтид, фаҳмид, ки дигар роҳи гурез надорад ва ба ҳама корҳои кардааш худаш иқрор шуда, хунхориҳояшро як ба як нақл карда дод.

Модари марҳум бо Зулола 

Макри Зулола боиси хунрезӣ гашт

-Сабаби хусумати ин хонавода бо шумо дар чист? Мегӯянд, ки писаратон духтареро дуздидаасту хешу табораш сари нангу номус омада, қасос гирифтаанд…?

Иброҳимҷон бачаи содаю зудбовар буд, хомӣ карда фирефтаи макру ҳилаи Зулола гашт. Ин духтари шайтонсират аввал бо Иброҳимҷон дӯст буд ва ӯро “ако” мегуфт, вале “акою хоҳарӣ”-ашон дер напоид. Зулола худаш аҳди хоҳару бародархондагиро шикаста ба писарам изҳори муҳаббат кард. Ба ҷойи он ки писар занг занад, духтар худаш шабу рӯз телефон карда, моро ҷонбезор мекард. Чанд бор писарамро сарзаниш кардам, ки телефонбозиро монда аз паси кору бори хона шавад, Иброҳимҷон хандида мегуфт, ки “оча, духтарак худаш телефон карда истодааст, чӣ хел занг назан гӯям?!” Духтарак рӯзи занги охирин ба хонаамон омад ва маро оғӯш карда “насиб бошад, шумо хушдомани ман мешавед” гӯён, хоҳиш намуд, ки ҳамроҳ расм гирем. Бовар накунед, ана ин расмҳоро бубинед. (модар ба мо чанд расмро нишон дод)

-Ҷавонҳо, ки якдигарро дӯст медоштаанд, чаро ба хонаашон хостгор фиристода Зулоларо келин накардед?

-Мо ба хонаи падари Зулола хостгорӣ рафта будем, вале волидонаш “мо духтарамонро ба амакбачааш гаҳворабахш кардагӣ” гуфтанд. Барои он ки ишқи ин ду ҷавон боиси  гапу калочаи мардум нашавад, баъди хостгории беҳосил мо писарамро ба Русия фиристодем. Зулола аз куҷое азми сафар доштани Иброҳимҷонро шунида як рӯз пеш аз рафтанаш ба хонаамон омад ва як аксашро ба писарам дода бо ханда “маро фаромӯш накун” гуфта баромада рафт.

 

Ишқи фоҷиабори арӯси хира

-Иброҳимҷон ба Русия рафт ё не?

-Рафт ва се сол дар он ҷо монд, то Зулоларо фаромӯш кунад. Дар ин миён Зулола ба писари амакаш ба шавҳар баромад, вале соҳиби бахт гашта бошад ҳам, думболи писарамро сар надод. Бо воситаи ким-киҳо рақами телефони Иброҳимҷонро ёфта, занг зада мегуфтааст, ки ману  шавҳарам бедил ҳастем, мехоҳам то охири умр бо ту монам…” Писари аз макри зан бехабари мо ба гапҳо дода шуда, девонаву шайдои ин духтар гашта монд…

-Аҳли оилаи шавҳараш аз ин найрангҳои Зулола хабар надоштанд?

-Хусураш телефонбозии келинро фаҳмида, Зулоларо аз дарвоза берун карданӣ мешавад, вале хотири бародараш ин корро намекунад.

Вақте ки зани шавҳардор марди

бегонаро ба хона мехонад…

-Сабаби Иброҳимро ба қатл маҳкум намудани авлоди духтар чист? Ягон кори ҷавонҳо боиси рехтани обрӯйи ин хонавода гашт?

-Бале, баъди ба Ватан баргаштани Иброҳимҷон Зулола ба ӯ занг зада писарамро ба хонааш даъват мекунад. Писарам гуфтааст, ки ту зани шавҳардор ҳастӣ, дигар чунин корҳо ба ту намезебанд, вале дар ҷавоб Зулола “Мард бошӣ, ҳозир ба хонаи ман меоӣ, номарди тарсончак бошӣ, майлаш муш барин пинҳон шуда гард” гӯён, ӯро сари нангу номус овардааст. “Рафтан бошад, меравам, охир ман номард нестам” гӯён, писарам ба назди Зулола меравад, вале хусураш онҳоро ҳамроҳ дида, дашному ҳақорат мекунад, ки чаро ту назди келини ман омадӣ? Иброҳимҷон мегӯяд, ки агар шуморо ягон зан даъват кунад, чӣ кор мекардед, хусури Зулола ҷавоб медиҳад, ки мерафтам-дия, чӣ хел зан худаш таклиф мекунаду намеравӣ?! Ман ҳам мард ҳастам, келинатон худаш ба ман занг зада маро ба хона таклиф кард ва таъкидкунон “мард бошӣ, мебиёӣ” гуфт, барои ҳамин омадам, ки мард буданамро исбот кунам, мегӯяд писарам ва баромада меояд. Баъди рафтани Иброҳимҷон хусураш Зулоларо ба хонаи падараш бурда мемонад ва “Дили духтарат ба каси дигар, ки будааст, барои чӣ ӯро ба ҳамон бача надодӣ, бародар? Ин духтар ба писари ман занӣ намекунад” гӯён, ҳодисаро ба падари Зулола нақл мекунад.

Макри дӯсти хоин

-Сӯиқасдро ба ҷони Иброҳимҷон рӯзи вайрон шудани оилаи Зулола ташкил намуданд?

-Не, рӯзи ҷудошавии Зулола шояд рӯзи ташкили куштори шавҳарам бошад, писарамро дертар ба қатл расониданд. Ҳамон рӯз падараш дар сари қаҳру ғазаб “касофати беҳаё, ман аз рӯйи ту шарманда шудам” гуфта, Зулоларо ба дор овехтанӣ мешавад, вале модару хоҳараш худро беҳушу беёд карда, сади роҳаш мегарданд. Раҳим ба зану духтаронаш раҳм карда, писари маро ҳадафи худ қарор медиҳад.

-Мегӯянд, ки як ҳамсинфи Иброҳим низ дар куштори ӯ даст дорад?

-Бале, додарзодаи Раҳим-Зуҳур Бердиев (дар акс ҳарду якҷоя ҳастанд) ҳамсинфи Иброҳимҷон аст, ҳамин бача писарамро бо макру фиреб ба қатлгоҳ бурдааст.

Тафсилоти ҳодисаи хунин

Мо аз модари аламзада хоҳиш намудем, ки тафсилоти он ҳодисаи даҳшатангезро нақл кунад. Модар оби дидагонашро поккунон  чунин қисса кард:

Рӯзи маросими бисти шавҳарам буд. Хонаамон пур аз одаму писарам ҳанӯз ришашро натарошида буд. Акояш фармуд, ки ришашро гирад. Иброҳимҷон хуб гуфт, аммо ҳамин дам Зуҳур занг зад ё худи Зулола, ки писарам якбора орому қарор аз даст дода, мисли мурғи посӯхта беқарор шуда “говҳоро об дода биёям, баъд ришамро мегирам” гӯён, баромада рафт. Дар роҳ Иброҳимҷон бо почояш (язнааш) во хӯрдааст.  Писарам ронандаи хуб буд, ҳамон рӯзи ҳодиса низ ба пешвози аҷалаш  бо мошин рафтааст. Зуҳур “Зулола ба саҳро барои хишова (сабзиро аз алафҳои бегона тоза кардан) рафтагӣ, биё ҳамроҳ ба наздаш меравем. Бо баҳонаи об додани говҳо ӯро мебинӣ. Падараш ҳам аз аспи ҷаҳл фаромадагӣ, акнун вай ба якҷоя шудани шумоён зид нест” гӯён, домони писарамро бо чормағзи пуч пур карда, бо макру фиреб ӯро бо худ бурдааст. Домодам ҳамроҳи Иброҳимҷон рафтанӣ мешавад, аммо Зуҳур ваъда медиҳад, ки 10-15 дақиқа пас бармегарданд. Домодам дар мошин нишаста онҳоро интизор мешавад, вале аз байн қариб як соат мегузараду аз Иброҳимҷон дарак намешавад. Чанд бор телефон мекунад, аммо гӯшакро касе намебардорад. Зуҳури маккор бошад, баъди ба роҳ баромадани мошин ба писарам самти дигарро нишон дода мефармояд, ки ба ҳамон тараф ҳай  кунад. Иброҳимҷон ҳайрон шуда мегӯяд, ки заминҳои шумоён дар ин тараф нест-ку, вале ҷӯрааш бо гапҳои дурӯғ ӯро ба ҳамон ҷое мебарад, ки  ташнагони хунаш гуфта буданд. Он худобехабарон писаракамро кушта, ҷасадашро ба канали Шастой партофтанӣ будаанд, то на мурдаашро ёбанд, на зиндаашро, вале баъд бо сабабҳои номаълум аз ин фикрашон гашта, дар даруни мошин секаса Иброҳимҷонро кордборон кардаанд. Ду гурги дупо- Раҳимқулу Шоҳмурод аз қафо корд задаанд, Зуҳури ҷӯраю ҳамсинфаш бошад, нону намаки чанд сол бо ҳам хӯрдаашонро андеша накарда аз паҳлӯ писарамро кордборон кардааст. Ҳамин тавр се авбош дар чорроҳаи Латок дар даруни мошин бачаамро нимкушта мекунанд, вале бо ҳамин қадар захми корд ҳам Иброҳимҷон ба онҳо тан надода, кӯшиши аз мошин баромадан мекунад. Вақти дари мошинро кушоданаш се қотили бераҳм гӯшти кафи дастонашро бо корд кофта гирифтаанд…

Чорроҳаи Латок магар ҷойи хилват аст? Наход ягон кас аз амали ин се золим хабардор нагашта бошад?

Ҷойи хилват нест, вале мардум имрӯз “туро газад,  маро чӣ ғам”-ро ба худ шиор намудаанд. Саҳро пур аз одам бошад ҳам, ягон кас ҷуръат накардааст, ки ба онҳо наздик шавад ё ақаллан милисаро хабар кунад. Писаракам то нафаси охиринаш доду фиғон кашида бошад ҳам, касе ба фарёдаш нарасидааст.

Қотилон ҳанӯз ташнаи хун буданд, вале…

-Дер кардани Иброҳим язнаашро ба ташвиш наовардааст?

-Домодам дар даруни мошин хеле интизор мешавад, чун аз Иброҳим дарак намешавад, вай ба ташвиш афтида аз пайи онҳо меравад ва чун мебинад, ки се гурги дупо Иброҳимҷонро гирд кардаанд ва оби лакот пур аз хун асту Раҳиму Шоҳмурод ҳамоно дукорда гурдаи ӯро пар-пар зада истодаанд, аз тарс шок мешавад. Аз ошкор гаштани кирдорашон тарсида се қотил писари дар хун оғуштаамро ба об партофта ба домодам ҳуҷум мекунанд. Домодам мебинад, ки қасди куштани ӯро доранд, илоҷе карда худашро ба даруни мошин мегирад. Раҳими золим то пӯшида шудани шишаи тирезаи мошин гӯшти дасти домодамро бо корд кофта бароварда бошад ҳам, ӯро кушта наметавонад. Қотилон пас аз ин фирор мекунанд ва домодам ба писари калониам занг зада мегӯяд, ки зуд ба чорроҳаи Латок  биё, Иброҳимро куштанд.

-Шуморо кӣ аз ин фоҷиа хабардор кард?

-Вақти занг задани домод ҳамаамон дар хона будем. Бо язнааш гап зада якбора ранги писарам пахта барин сап-сафед шуда, қариб аз ҳуш рафта буд. Ба ташвиш афтида пурсидам, ки чӣ гап шудааст. Лабонаш аз тарс пир-пир парида “Иброҳимро куштаанд” гуфту ба кӯча тохт. Ҳамаамон саркану покан аз пасаш давидем, вале аллакай кор аз кор гузашта буд…

Модари ҷигарсӯхта инони ихтиёр аз даст дода, зор-зор гирист. Дигар ба захмҳои дили ин зани фарзандгумкарда намак пошидан нахоста, аз ӯ маъзарат хостем, вале Раъно-хола саволҳои моро намак пошидан ба захми дил не, баръакс марҳами доғ шумурда гуфт:

-Ин ҳодисае нест, ки пинҳон карда шавад. Ин куштори даҳшатнок дар саросари ҷумҳурӣ ғулғула афканд. Коре, ки  ин авлод нисбати оилаи мо карданд, ягон дарранда намекунад. Ин алами ҷигарсӯз то рӯзе, ки ҷон дар бадан дорам, аз дилу аз хаёли ман намеравад…

 

Модари Иброҳим

Аз нақли апаи марҳум

Апаи Иброҳимҷон-Равшаной, ки бо ашки шашқатор нақли модарро гӯш мекард, ба суҳбати мо ҳамроҳ шуда, чунин гуфт:

-Хабари марги додаракамро шунида, сарлучу пойлуч ба кӯчаи калон давидем ва осемасар мошинеро нигоҳ доштем. Ронандаи таксӣ узр пеш оварда гуфт, ки бояд ба дигар самт равад. Ҳодисаро ба ӯ нақл карда, зориву тавалло  намудем, ки моро то чорроҳаи Латок барад. Вақте ки ба ҷойи ҳодиса расидем, Ибоҳимҷон дар хуни худаш оғушта бо марг даст ба гиребон буд. Аз ҷони нобаромада умед гуфта, хостем ӯро ба духтур барем, вале вақти ба мошин бор кардан ду қатра ашк аз чашмонаш заҳида баромаду ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин супурд.  Додараки ҷавонмаргам бо чашмони кушода аз дунё гузашту мани зор сарҳисоби корамро гум кардам. Модарам аз ҳуш рафтагӣ, додаракам тика-тика шуда мурдагӣ, почоям ҷароҳати вазнин бардоштагӣ, шумо тасаввур карда метавонед, ки он лаҳзаҳо мо дар чӣ ҳолу аҳвол будем? Худо ба душмани кас чунин рӯзро нишон надиҳад!

уфтед, ки вақте мо ба ҷои ҳодиса расидем, қотилон аллакай гурехта буданд. Онҳо ба куҷо фирор намуданд ва чӣ гуна ба даст афтиданд?

Раҳимқул ба додарзодааш Зуҳур ваъда карда будааст, ки агар ту  ҳамсинфат Иброҳимро фиреб карда ба назди мо биёрӣ, баъди нобуд кардани вай ман чипта харида туро ба Русия гусел мекунам, минбаъд дар ҳамон ҷо зиндагӣ карда мегардӣ. Ҷинояткорон пешакӣ нақшаи ҳама корашонро кашида бо худ либосҳои тоза ва мошини дигареро низ гирифта будаанд. Кори Иброҳимҷонро тамом кардан пас, онҳо либосашонро иваз намуда, ба мошин мешинанд ва ҷониби фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд раҳсипор мешаванд, вале тирашон хок хӯрда, фирор карда наметавонанд. Бародарам баробари ба ҷои ҳодиса расидан ба милиса хабар дод ва ҷинояткоронро дар фурудгоҳ дастгир намуданд.

 

Қотилонро чӣ интизор аст?

Гумонбаршудагон дар содир намудани ин ҷинояти ваҳшиёна Бердиев Раҳимқул Султонқулович, соли таваллудаш 07.01.1969, Бердиев Зуҳурҷон Саидқулович, соли таваллудаш 19.11.1994, ва Султонқулов Шоҳимардон Султонқулович, санаи таваллудаш 08.04.1976, ки ҳамагӣ сокинони шаҳри Истаравшан, деҳаи Ҷавкандак буда, ҳамдеҳаашон Саидов Иброҳимҷон Иномҷонович, санаи таваллудаш 15.01.1994-ро барои бо духтарашон Бердиева Зулола Раҳимқуловна, соли таваллудаш 28.02.1997 ишқварзӣ намуда, обрӯи онҳоро резонданаш бо макру фиреб ба ҷои хиват бурда, бо 31 зарбаи ҷонкоҳи корд ба ҳалокат расонидаанд, имрӯз аз карда пушаймон буда, дар паси панҷара ҳукми судро интизоранд. Нисбати номбурдагон бо моддаи 104, қисми 2, бандҳои “е ва з”-и КҶ., Тоҷикистон  таҳти рақами №14983 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти ин қазияи хунин идома дорад. Боварии комил дорем, ки ҳомиёни қонун ба ин ҷинояти вазнину гӯшношунид баҳои дурусти ҳуқуқӣ медиҳанд ва қотилон барои ин амали бераҳмонаашон ҷазои сазовор мегиранд.

Ф. Муродӣ, ш. Хуҷанд   (аз нашрияи   “Оила”)

Р/С

Хонандагони азиз, дар шумораҳои минбаъда шуморо аз натиҷаи кори тафтишот ва ҳукми суд нисбати ин ҳодиса огоҳ хоҳем кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *