Медалҳои биринҷии чемпионат насиби «Регар-ТадАЗ»- Турсунзода

6 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода – «Металлург» вохӯрии аз даври 12-ум мавқуфмонда миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Барқчӣ»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Голи ягонаро дар қисми дуюм Ромиш Ҷалилов муаллиф шуда, дастаашро дар ҷойи сеюми Чемпионати 25-уми Тоҷикистон мустақар кард. Ин ғалаба «Регар- ТадАЗ»-ро сазовори медалҳои биринҷӣ намуд.
10 ноябр пас аз вохӯриҳо миёни «Барқчӣ» — «Равшан» ва 14 ноябр «Барқчӣ» — «Ҳосилот» чемпионати 25-уми Тоҷикистон пурра ба анҷом мерасад. Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор ба мусобиқаҳои плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё омодагӣ мебинанд.
Эмом Назаров

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *