Ишкошим: Шумораи заҳролудшудаҳо ба 39 нафар расид

Шумораи заҳролудшудаҳо дар ноҳияи Ишкошим аз рустании «гелиотроп» дар таркиби гандум ба 39 нафар расид ва аксари гирифторон кӯдакони аз 3 то 5-сола будаанд. Масъулин мегӯянд, эҳтимол шумораи бистариён афзоиш ёбад.

Дар ҳоли ҳозир як гурӯҳ аз мутахассисони Вазорати тандурустӣ ба Бадахшон рафта, вазъро аз наздик таҳқиқ доранд.

Аз охири моҳи январ то 10-уми феврали имсол 19 нафар заҳролуд шуда, як навраси 11-сола даргузашт. Насрингул Некӯшоева, сардори Раёсати тандурустии вилояти Бадахшон гуфт, рӯзи шанбе 20 нафари дигарро ба беморхона интиқол доданд.

Ӯ дар шарҳи ҳодиса гуфт, сокинони ин маҳал аз панҷуним тонна гандуме, ки аз ноҳияи Ҳамадонӣ бурда шудааст, 2 тонаашро орд карда, истеъмол намуданд. «Бар асари ҷой доштани алафи заҳрогини “гелиотроп” дар замини гандум ва истеъмоли орди заҳролуд, осеб диданд. Ҳоло вазъиятро меомӯзем. Вазъият хуб нест ва аз Вазорати тандурустӣ мутахассисони соҳибтаҷруба дар Ишкошим ҳастанд,» — афзуд Некӯшоева.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *