Афғоншиноси тоҷик  даргузашт

Сайфулло Саидов, ходими намоёни давлатӣ, дипломат ва шарқшиноси тоҷик рӯзи 12 феврал дар синни 81 аз олам чашм пӯшид. Ҷанозаи Сайфулло Саидовро рӯзи 13 феврал дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супориданд.

Сайфулло Саидов 12 декабри соли 1936 ба дунё омада, баъди хатми риштаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба аспирантураи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои СССР дар Маскав дохил шуд. Сайфулло Саидов алакай соли 1960 бо нахустин маъмурият ба Афғонистон рафт ва дар вазорати кишоварзии он кишвар ба ҳайси тарҷумон кор кард.

Қисмати зиёди умри Сайфулло Саидов ба Афғонистон бахшида шудаааст. Сайфулло Саидов солҳои тӯлонӣ дар ниҳодҳои дипломатии Шӯравӣ дар Афғонистон кор карда, як муддат раиси Маркази фарҳангии СССР дар Кобул буд. Ӯ ҳамин тавр, 6 сол роҳбари Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон буд. Сайфулло Саидов се маҷмуаи ашъори шоирони афғонро ба хатти кириллӣ баргардон ва чоп кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *