Иштироки “Амонатбонк” дар ҳамоиши ҷавонони низоми бонкӣ
10-уми январи соли ҷорӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони низоми бонкӣ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлтӣ” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ширкат варзиданд.
Корхонаи воҳиди давлатии “Бонкии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” низ яке аз иштирокдорони ҳамоиш буд ва дар баробари дигар ташкилотҳои қарзии кишвар хизматрасониҳои худро ба намош гузошт.
Дар рафти намоиши маҳсулоти бонкӣ аз ҷониби масъулини бонк ба меҳмонону ҳозирин оид ба хизматрасониҳои “Амонатбонк” алалхусус воситаҳои пардохти ғайринақдӣ тавассути замима — барномаи “Амонат-мобайл” маълумот пешниҳод гардида, оид ба афзалияти рӯ овардан ба ҳисоббаробаркнуиҳои ғайринақдӣ, қуллай ва шаффоф будани ин низом маъулмоти гуногун пешниҳод карда шуд.
Дар қисмати дигари ҳамоиш намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии кишвар вобаста ба саҳми ҷавонон дар рушди низоми бонкӣ, “Муҳимияти саводнокии молиявӣ барои ҷавонон”, “Муҳимияти суғурта ба инсон ва ҷомеа”, “Дастгирии ҷавонони кишвар дар доираи иқдомҳои гуногун” ва ғайра маъруза намуданд.
Ташкил ва баргузории чунин ҳамоиш ҷиҳати муттаҳид сохтани ҷавонон, табодули фикру андеша ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ муҳим дониста шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ