Амонатбонк

Иштироки Амонатбонк дар Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон

Имрӯз, 8-уми май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон баргузор шуд, ки дар доираи он аз ҷониби намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни ду кишвар намоиши молу маҳсулот доир гардид.

Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк””  низ дар форуми мазкур ширкат варзида, маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкии худро ба иштирокчиён муаррифӣ намуд.

Ҳамзамон, дар натиҷаи форум вохӯрии дуҷонибаи  соҳибкорони ду давлат дар шакли “Соҳибкор бо соҳибкор” (В2В) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Ташкил ва баргузории Форуми соҳибкорӣ ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва баимзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд бо фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мусоидати фаъол менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *