27 000 сомонӣ туҳфа ба ҳар иштирокчии ҶБВ дар Душанбе
Аз номи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 18 000 сомонӣ, аз номи раиси шаҳри Душанбе 6 000 сомонӣ ба ҳар иштирокчии ҶБВ дар пойтахт расонида шудааст.
Ҳамчунин, вобаста ба ҷойи истиқомат аз номи раиси ҳар ноҳияи пойхт 3 000 сомонӣ супорида шудааст.
Масъулин ҳангоми тақдими туҳфаҳо таъкид намудаанд, ки хизматҳои ин фарзонафарзандони миллат ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад ва кору пайкори онҳо барои насли наврас барои ҳамешагӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ боқӣ мемонад.
Гуфта мешавад, ки доло дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе 6 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ менамоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ