Куҳансолтарин бону дар Темурмалик 110-сола шуд

Ҷашнвора

Аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ 78 сол сипарӣ гардид. Дар ин ҷанги хонумонсӯз ҳазорҳо нафар аз Тоҷикистон ҷони худро барои ҳифзи Ватан аз даст доданду ҳазорҳо нафари дигар дар ақибгоҳ барои таъмини ғизо ба ҷанговарон саҳми босазое гузоштанд. Яке аз қаҳрамонҳои ақибгоҳ Фотима Салимова мебошад, ки шавҳари аввалаашро дар ин ҷанг аз даст дод ва худ дар ақибгоҳ бошарафона хизмат кард ва имрӯзҳо дар ҳалқаи пайвандонаш зиндагӣ дорад.

Бибии Фотима ба баҳори 110-умин солгарди умраш қадам ниҳод. Ӯ дар ҷамоати деҳоти Ҷорубқул (ҳозира С. Раҳимов)-и  ноҳияи Термурмалики вилояти Хатлон умр ба сар мебарад ва ягона дарозумр дар ин деҳа ба шумор меравад. Тибқи ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият пиразан соли 1913 таваллуд шудааст.

Фотима-бибӣ дар кори саҳро обутоб ёфт

Фотима Салимова аз зумраи занонест, ки умри пурбаракати хешро сарфи зиндагии орому осуда, мустаҳкам намудани вазъи иқтисодӣ чӣ дар даврони Шӯравӣ ва чӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ намудааст. Ӯ собиқаи зиёда аз 40- солаи корӣ дошта,  фаъолияти колхозчигиашро аз собиқ колхози “Правда”-и ҷамоаташ оғоз намудааст. Фотима яке аз пахтачинҳои пешқадами колхоз маҳсуб ёфта, дар баробари ин, дар дигар самтҳои хоҷагидорӣ вобаста ба мавсим саҳми арзандаи худро мегузошт. Саҳми ин зани заҳматкаш дар пешрафти соҳаи хоҷагидорӣ басо назаррас буда, чандин маротиба бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шудааст. Маҳз ҳамин хизматҳои шоёни ӯро давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ба назар гирифта, дар солгарди 110-умини умрашон бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуданд.

Фотимаро бо аспи орзуҳо ба хонаи шавҳар бурданд

Фотима мисли дигар духтарон дар дил ҳавасу умедҳои зиёд мепарварид. Ҳанӯз 17 сол дошту бо меҳнати ҷисмонӣ зиндагии худу хонаводаашонро пеш мебурд. Даҳҳо ҷавони зангир мехостанд мисли Фотима ҳамсари меҳнатдӯсту хушлиқо дошта бошанд. Аз миёни ин ҷавонҳо Мустафоқулов тақдирашро бо Фотима пайваст. Ӯ ҷавони чорпаҳлуе буд, ки садҳо духтари ҳамдеҳааш орзуяшро мекарданд, вале Фотимаи зебосанаму хушрафторро интихоб кард. Тӯйи онҳо барои ҳамон замон хеле хотирмон ва пур аз ҳавас гузашт. Шавҳари Фотима бо аспи орододашуда ӯро ба хонаи бахташ овард ва зиндагияшон оғоз ёфт.

Оғози ширину анҷоми хунин

Бибии Фотима ҳамроҳи Мустафоқулов зиндагии хубу хуш ва орому пур аз муҳаббату орзуҳоро оғоз карданд. Ҳамеша орзу мекарданд, ки то лаҳзаҳои охири ҳаёт бо ҳам умр ба сар баранду зиндагии ширинашон барои дигарон намунаи ибрат гардад. Аммо фалак кори худашро кард. Баъди чанде Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуду Мустафоқуловро дар баробари ҳазорҳо ҷавонони дигар ба ҷанг сафарбар карданд. Шавҳари Фотима соли 1941 ба фронт равона шуд ва дар набардҳои зидди фашизм қаҳрамонона ҳалок гардид.

Издивоҷи дубораи бибии Фотима

Марги шавҳар барои Фотима сахту сангин буд. Ӯ ҳеҷ гоҳ тасаввур намекард, ки ояндаи дурахшон интизораш аст. То лаҳзаи охир бозгашти иштирокчиёни ҷангро интизор буд, аммо шавҳараш дигар барнагашт. Ҳамин тавр, Фотима соли 1948 маротибаи дуюм ба шавҳар баромад ва аз ин издивоҷ соҳиби се писар шуд, ки имрӯзҳо атрофи бибии пурфайзашонро фарзандони баркамол бо фарзандонашон гарму чароғон кардаанд.

13 чабера, 75 абераю 20 набера

Бибии Фотима дар умри 110 солагиаш мушкилиҳову сахтиҳои зиёдро паси сар кард, гоҳе бе нон монду бо пиёлаи обе қувват гирифт, то ба хотири фарзандон зинда монад. Ӯ ашки гуруснагиро аз фарзандон пинҳонӣ резонду аз майдонҳо дона –дона гандум ҷамъ кард, то гарди орде шаваду дар дег сурх карда, хӯроке пазаду пеши се писараш гузорад. Ӯ аз карбосе пираҳан духту зери офтоби сӯзон заҳмат кашид, то хонааш аз нон холӣ нашавад. Гоҳе ба пояш хор халиду гоҳи дигар писарон дар пушт роҳи саҳроро пеш гирифт, то фарзандон муҳтоҷ ва дастнигари касе нашаванд. Номуси мардонаи бибии Фотима нагузошт, ки ҷигарбандонаш гуруснагиро эҳсос намоянд. Ҳамон заҳматҳову давиданҳову афтодану хестанҳояш барабас нарафт. Имрӯз ҳамон 3 фарзанди бо обилаҳои даст парваридааш ҳамроҳи фарзандонашон, ки дар маҷмӯъ 20 набера, 75 абера ва 13 чабера ҳастанд, дар гирдаш парвонавор чарх мезананд. Писари якумаш Гулаев Қарабой алҳол 73- сола буда, Гулаев Назир ва Гулаев Бозорбой дар синни 60 – 66- солагӣ қарор доранд.

Бибии Фотимаро Президенти Русия бо медали 75-солагии ҶБВ  қадрдонӣ кард

Бибии Фотима мисли дигар занҳои тоҷик дар ақибгоҳ баҳри пирӯзӣ ва мустаҳкам намудани қувваҳои мусаллаҳ бар зидди фашисти гитлерӣ шабу рӯз меҳнат намуд. Барои заҳматҳо ва садоқатмандона дар ақибгоҳ хизмат кардану саҳм гузоштан дар Ғалаба бар фашизми гитлерӣ соли 2020 аз номи Президенти Федератсияи Руссия бо медали “75- солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941-1945” қадрдонӣ карда шуд.

Таваҷҷуҳи мақомот ӯро хушҳол мекунад

Момаи Фотима бо шукргузорӣ аз давлату ҳукумати мамлакат хусусан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мақому манзалати зан – модарро баланд бардошта, ба занону бонувони собиқадор таваҷҷуҳи беандозае доранд, минатдор аст. Азбаски ранҷу азоб ва мушкилиҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст, имрӯз дар фазои осоиштаи кишвар зистанро давлати гаронарзиш меҳисобад. Мо ба ин зани заҳматкаш ва Қаҳрамони меҳнат, дорандаи медали “75-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941-1945”, ки дар баҳори 110-солагӣ қарор доранд, саломатӣ ва хушҳолӣ таманно дорем.

М. ДАВЛАТОВА,

Шералӣ ДАВЛАТОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *