Юлдуз Усмонова ба Душанбе меояд

Дар шаҳри Душанбе консерти сарояндаи эстрадаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова баргузор мегардад.

Консерти ин санъаткори  шинохта шоми 22 май дар “Амфитеатр”-и пойтахт доир хоҳад шуд.  Дастандаркорони ин консерт гуфтанд, ки арзиши чипта вобаста ба ҷой аз 300 то 400 сомонӣ аст.  Ҳамчунин, мухлисони Юлдуз Усмонова метавонанд, ки чиптаҳоро  дар сомонаи ticketon.tj дастрас намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Юлдуз Усмонова  ҳамзамон оҳангсоз, продюсер ва Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Туркманистон ва Қазоқистон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *