Иштироки Беҳрӯз Хоҷазода ва 9 дзюдочии дигари тоҷик Гранд Слам Екатеринбурги Федератсияи Россия

Дзюдочиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи Гранд Слам, ки 17-18 март дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия баргузор мешавад, иштирок мекунанд. Дар ин бора  аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мусобиқаи мазкур 10 нафар варзишгари мо миёни мардон ва 2 нафар миёни бонувон дар 7 вазн муҳориба мекунанд: Суҳроб Боқиев, Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Муллораҷаб Халифаев (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳаммад Мирзоев (-73 кг), Мирзошариф Исматов, Хушвахт Идиев (-81 кг), Ёқубҷон Назиров, Талабуддин Файзов (-90 кг), Оишабону Қурбоналиева (-52 кг) ва Шоҳида Қаландарова (-57).

Тавре сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо хабар додааст, дар Гранд Слам Екатеринбург 262 нафар варзишгар аз 34 кишвари дунё иштирок мекунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *